Мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ ба тартиби кор дар ҳавзаи интихоботии Турсунзода № 5 баҳои баланд доданд

Февраль 27, 2020 15:23

ТУРСУНЗОДА, 27.02.2020. /АМИТ«Ховар»/. Мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) вобаста ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Турсунзода №5 ва участкаҳои интихоботии шомили ин ҳавза дидан намуда, ба тартиби кор дар онҳо баҳои баланд доданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Турсунзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Раиси ҳавзаи интихоботии Турсунзода №5 Ҳотам Назарзода вобаста ба фаъолияти ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ дар шаҳри Турсунзода ба мушоҳидон маълумот пешниҳод намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҳавзаи интихоботии Турсунзода №5 64 участкаи интихоботӣ мавҷуд мебошанд. Шумораи интихобкунандагон дар ин ҳавза ба 135 ҳазору 431 нафар баробар аст. Аз ҳавзаи мазкур номзадии 3 нафар ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Мушоҳидони байналмилалӣ дар баробари шиносоӣ бо шароиту имконоти мавҷуда дар участкаҳои интихоботии ҳавзаи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Турсунзода №5 ҳамчунин бо фаъолияти ҳавза, аз ҷумла низоми ҳуҷҷатгузорӣ, бақайдгирии номзадҳо, тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон ва дигар корҳои омодагӣ ба интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ шинос шуданд.

Тибқи иттилои манбаъ,  мушоҳидони байналмилалӣ вобаста ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба тартиби кор дар ҳавзаи интихоботии Турсунзода № 5 баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки бо чунин шароит интихоботи нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар сатҳи баланд баргузор хоҳад шуд.

Февраль 27, 2020 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд