Ҷоми ФФТ-2020: КМВА, «Равшан», «Душанбе-83» ва «Кӯктош» ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 27.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 26 феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор даври сеюми марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2020 баргузор шуд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. Дастаҳои КМВА, «Равшан», «Душанбе-83» ва «Кӯктош» ба даври нимниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳхат гирифтанд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар даври сеюми марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2020, ки дар шаҳри Ҳисор сурат гирифт, дар гурӯҳи «Б» дастаи футболи «Кӯктош» бар дастаи «Эсхата» бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард. Бозӣ миёни дастаҳои «Душанбе-83» – «Хатлон» мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Дар гурӯҳи «А» дастаи КМВА бар дастаи «Локомотив Помир» бо ҳисоби 1:0 ва «Равшан» бар дастаи «Истаравшан» бо ҳисоби 3:2 ғалаба карданд.
Ҳамин тариқ, аз гурӯҳи «А» дастаҳои футболи КМВА, «Равшан» ва аз гурӯҳи «Б» дастаҳои «Кӯктош», «Душанбе-83» ба даври нимниҳоии Ҷоми ФФТ-2020 роҳ ёфтанд. Дар даври баъдӣ, ки 28 феврал доир мегардад, КМВА бо «Душанбе-83», «Кӯктош» бо «Равшан» барои баромадан ба финал қувва месанҷанд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






