Пагоҳ дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксҳо таҳти унвони «Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан» оғоз мегардад

Февраль 14, 2020 15:18

ДУШАНБЕ, 14.02. 2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз  15  то  24 феврал бахшида ба 27-солагии Артиши миллӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон  таҳти унвони «Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан» намоиши акс ва дигар маводи марбут ба таърихи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Пагоҳ, 15 феврал намоиши мазкур, ки  бо ибтикори роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил  шудааст, оғоз мегардад. Бо ибтикори роҳбарияти Осорхонаи миллӣ ба таври ройгон 1000 нафар афсарону сарбозон аз Осорхона ва намоиши мазкур дидан  менамоянд.

 Тавре корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фирдавси Абдулҳамид ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  изҳор дошт,  мақсад аз ташкили намоши мазкур  инъикоси муфассали фаъолияти заҳматталаб ва бошарафу содиқонаи муҳофизони Тоҷикистон буда,  ба ин восита дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ва ҷавонон  мебошад.

Дар намоиш 88 акс, тамринҳои ҳарбии ҷузъу томҳои низомии мамлакат тавассути оинаи нилгун ва маводи марбут ба таърихи Артиш   ба тамошобинон  манзур мешаванд.

Инчунин  онҳо имкон доранд, ки  дар ин намоиш  аксҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Артиши миллӣ бо афсарону сарбозон ҳангоми боздид  аз ҷузъу томҳои низомӣ ва иштирок дар машқгоҳҳои ҳарбиро тамошо кунанд.

Ҳамчунин дар намоиш маҷаллаҳои «Муҳофизони Ватан», рӯзномаи «Ҳомии Ватан», «Паёми Донишкадаи ҳарбӣ», китобҳои ҷашнии Вазорати мудофиа, ки инъикосгари ҳаёти низомиёни мамлакат мебошанд, пешниҳоди тамошобинон мегарданд.

Февраль 14, 2020 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад