Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Бадахшон: дар ноҳияи Мурғоб коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

Февраль 2, 2020 09:03

ДУШАНБЕ, 02.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба маълумоти шаҳрвандон ва сокинони вилоят мерасонад, ки овозаҳо оиди ба қайд гирифтани коронавирус (2019-n CoV) дар ноҳияи Мурғоб асос надоранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба изҳороти ин раёсат, ки дар сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Бадахшон нашр шудааст.

«Ҳамзамон иттилоъ медиҳад, ки вобаста ба вазъи эпидемикии коронавируси 2019-n CoV дар Чин, бо назардошти робитаи зич бо иг кишвар тавассути гузаргоҳи Қулма, дар нуқтаи назорати санитарии карантини Қулма чорабиниҳои назоратии зидди эпидемикӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар нуқтаи назоратии санитарии карантинии (ННСК)-и «Қулма» айни замон 1-табиби эпидемолог ва 2-ёрдамчии духтури эпидемолог фаъолият доранд. Дар ННСК-и «Қулма»-и ноҳияи Мурғоб 1-адад ҳароратсанҷаки дистансионии бадан, 4-адад ҳароратсанҷ, 4-воситаҳои фардии муҳофизатии махсус (индивидуальное средство защити и защитные кастюмы) ва инчунин маводҳои безараргардониву ниқобу дастпӯшак ба таври кофӣ мавҷуд мебошад», — омадааст дар изҳорот.

Дар идома гуфта мешавад, ки ба беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб 25 воситаҳои фардии муҳофизатии махсус, 1350 дастпӯшак, 70 респератор, 400 ниқоб, 2 хилъат, 12 пробирка барои гирифтани намуна ҷиҳати ташхис дастрас гардонида шудаанд.

Айни ҳол дар беморхонаи Конақурғон 15 нафар ва дар касалхонаи ноҳиявӣ 4 нафар дар карантин буда, таҳти назорати табибон қарор доранд. То ин замон дар ягон нафари онҳо нишонаҳои бемории коронавирус пайдо нагардидааст.

Тибқи дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нафаре, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешавад, 14 рӯз бояд дар зери назорати табибон қарор гирад.

Вазъият дар зери назорати қатъии Раёсати тандурустӣ ва сохторҳои он қарор дода шудааст ва дар ноҳия ситоди доимоамалкунанда фаъолият дорад.

Февраль 2, 2020 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»