Рушди иқтисодиёти рақамӣ. Ин масъала дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гардид

Февраль 6, 2020 16:24

ДУШАНБЕ, 06.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе зери роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода вобаста ба татбиқи банди 7-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баён гардидан, инчунин ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 «Дар бораи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи гурӯҳҳои кории идоракунанда ва техникӣ бо иштироки кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор доир ба таҳияи лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баргузор гардид. 

Ҳадаф аз баргузории ҷаласа таҳияи лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», инчунин тақвият бахшидани корҳо дар самти иқтисодиёти рақамӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ арзёби гардид.

Зимни баргузории ҷаласа доир ба сохтор ва шакли лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба аъзои гурӯҳҳои корӣ рӯнамо пешниҳод гардида, фикру мулоҳизаҳои иштирокчиён шунида шуд.

Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати таҳияи барномаи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

 Ёдовар мешавем, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо дигар вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд.  Ҳадаф аз таҳияи он, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҷомеаи иттилоотӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, баланд бардоштани рақобатпазирӣ, афзоиши Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ /ММД/ ва беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ дар заминаи истифодаи технологияҳои рақамӣ мебошад.

Иқтисодшиносон ба хулосе расидаанд, ки ин ё он кишваре, ки иқтисодиёти рақамиро дар ҳаҷми то 10 фоиз афзоиш медиҳад, рушди ММД-ро то 20 дарсад танҳо аз ин ҳисоб ба даст меорад. Ба таҳлили иқтисодшиносон, нақши иқтисоди рақамӣ дар истеҳсоли ҳаҷми ММД-и кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ба мисли кишварҳои Осиёи Шарқӣ, аз қабили Япония, Тайванд, Сингапур, Ҳиндустон  бармало мушоҳида мешавад.

Консепсияи иқтисоди рақамӣ  аз тадбирҳоест, ки дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ мегардад ва он ба рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон, алалхусус баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат, ҳар чӣ зудтар ба сатҳи зиндагии кишварҳои дорои даромади миёна расидан, ба таври назаррас паст намудани сатҳи камбизоатӣ, инчунин ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ — таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, саноатикунонии босуръат равона гардидааст.

Ба андешаи таҳлилгарон, қабул ва татбиқи консепсия барои Тоҷикистон такони бузург хоҳад буд, ки ба тамоми соҳаҳо равона шудааст. Қабл аз ҳама, дар ин самт техникаву технологияи иттилоотӣ — иртиботии муосири пешқадам ворид мешаванд. Дар пойтахт низоми смарт — сити – шаҳри доно ҷорӣ мегардад, ки нишонаҳои онро дар пардохтҳои ғайринақдӣ, хизматрасониҳои такси ва ғайраҳо метавон дид. Шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба шабакаи баландсуръати интернет пайваст хоҳанд шуд. Тамоми хизматрасониҳо барои осон ва дастрас шудан дар баробари тарзи анъанавӣ, тариқи электронӣ ба роҳ монда мешаванд. Тафовути иқтисодиёти рақамӣ маҳз дар виртуалӣ, яъне танҳо дар торномаи интернетӣ мавҷуд буданаш мебошад. Он имкониятҳои навро барои мубодилаи иттилоот, таҳсилоти босифат ва тиҷорати шаффоф фароҳам меорад.

«Равзанаи ягона», пардохтҳои коммуналӣ ва ғайринақдӣ, интернет-банкинг, бонкинги мобилӣ, хариди молу маҳсулот бо дастгирии ширкати «Алиф сармоя», барномаҳои мобилии дастрасии хизматрасониву маълумот, тиҷорати электронӣ, маркази низоми  худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт, яъне «Шаҳри бехатар», инчунин дар вилояти Суғд низоми билингии пардохти электронӣ барои ҳаққи қувваи барқ, ҳамзамон барои содаву шаффоф гардонидани равандҳои хизматрасонӣ тартиби пардохти электронии боҷи давлатӣ барои якчанд намуди хизматрасонии давлатӣ ба воситаи  кортҳои пардохтӣ роҳандозӣ гардидааст, ки  қадамҳои нахустин дар самти иқтисодиёти рақамӣ   арзёбӣ мегарданд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

 

Февраль 6, 2020 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолити давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд‎
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Намояндагии UNICEF малакаҳои амалии молиявӣ баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард
Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид