Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар корхонаҳои нави истеҳсолии минтақаи саноатии шаҳри Душанбе шинос шуд

Февраль 7, 2020 16:48

ДУШАНБЕ, 07.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои бунёдии як зумра  корхонаҳои истеҳсолии сохташаванда дар Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар буриши кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт  шинос шуд. Минтақаи  мазкур  дар масоҳати қариб 9 гектар ҷойгир  буда,  дар он   сохтмони корхонаҳои нави саноатӣ ба истиқболи шоистаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми ширкатҳои тавлидотӣ ва соҳибкорони ватанӣ бо маром идома дорад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Рустами Эмомалӣ нахуст аз ҶДММ «Ҳурия», ки самти фаъолияташ ба истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос пешбинӣ гардидааст, дидан кард.

Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос

Корхонаи мазкур дар доираи дастгириҳои давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ  Расул Мансуров бо харҷи 10 миллион сомонӣ ва дар масоҳати 0,34 гектар бунёд мегардад.

Тавре ба Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, дар корхонаи саноатӣ корҳои асосӣ, аз қабили бунёди бинои истеҳсолӣ ва воридоти таҷҳизот пурра ба итмом расида, феълан насби он бо ҷалби мутахассисон идома дорад.

Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин  ворид гардидаанд.

Дар ҶДММ «Ҳурия» бино ба иттилои масъулин, ду хатти истеҳсолӣ мавҷуд буда, иқтидори истеҳсолӣ дар як моҳ аз 5 то 10 тонна маҳсулоти нимтайёр ва яхмос аз мевагиҳо ва қаймоқ пешбинӣ шудааст.

Дар корхона зиёда аз 25 номгӯй яхмос истеҳсол мегардад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона 50 нафар сокинони шаҳри Душанбе, асосан занону бонувон бо ҷойи кору маоши мувофиқ таъмин мегарданд.

Феълан барои дастрас намудани маҳсулоти омодаи корхона ба шаҳру навоҳии мамлакат чор адад мошини махсусгардонидашуда харидорӣ гардида, корхона нақша дорад, ки боз чанд адад воситаи нақлиёти дигар харидорӣ  намояд.

Раиси шаҳри Душанбе  ба ҳолати санитарӣ, сифатнокии истеҳсолот дар корхона, истифодаи маҳсулоти табиӣ дар таркиби он ва дигар тадбирҳои вобаста ба ободонию сабзазорнамоии ҳудуди коргоҳ,  аз ҷумла рангу бори намои зоҳирии он махсус таваҷҷуҳ карда, ба соҳибкор барои то ҷашни Наврӯз ба истифода додани корхона бо иқтидори пуррааш дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордию қаннодӣ

Дар Минтақаи саноатии пойтахт Рустами Эмомалӣ ҳамзамон бо рафти корҳо дар корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордию қаннодӣ, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ёқуб Шарафов бунёд гардидааст, шинос шуд.

Корхонаи истеҳсолӣ дар  масоҳати 0,32 гектар бо харҷи 6 миллион сомонӣ бунёд  гардидааст.

Ба Раиси шаҳр иттилоъ доданд, ки воридот ва насби таҷҳизоти истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин пурра ба анҷом расида, рӯзҳои наздик коркарди маҳсулот оғоз мегардад, ки бо ин боз 50 нафар сокинон соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд.

Дар корхона маҳсулоти омода дар 5-6 намуд борҷомабандӣ мешавад. Корхона иқтидори истеҳсоли то 5 тонна маҳсулот дар як моҳро доро буда, маҳсулоти он барои таъмини эҳтиёҷоти бозори дохилӣ равона мегардад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар рафти истеҳсолот маҳсулоти табиӣ ва барои организми инсон безарар истифода шуда, дар таркиби он равғани палма тамоман истифода намегардад.

Раиси шаҳри Душанбе масъулини корхонаро муваззаф намуд, ки то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ истеҳсолотро ба роҳ монда, сифатнокии баланди маҳсулоти истеҳсолиро таъмин намоянд.

Корхонаи саноатии коркарди сангҳои ранга ва худҷилои ҶДММ «Асрори санг»

Дар минтақаи мазкур  Раиси шаҳри Душанбе  ҳамзамон бо ҷараёни сохтмони корхонаи саноатии коркарди сангҳои ранга ва худҷилои ҶДММ «Асрори санг» шинос шуд. Ин корхонаи саноатӣ аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Далер Шарифӣ бо харҷи 5 миллион сомонӣ ва дар масоҳати 0,32 гектар замин бунёд мегардад.  Корхона аз ду марҳила иборат буда, корҳо дар марҳилаи аввали он, яъне бунёди бинои истеҳсолӣ бо вусъат идома доранд.

Коргоҳи истеҳсолӣ аз тахҳона ва се ошёна иборат буда, бунёди зерхона ва ду ошёнаи аввали он ба анҷом расидааст.

Ба ҷараёни сохтмони корхона 18 нафар сохтмончиён ҷалб шуда, ҳангоми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанаш дар марҳилаи аввал аз 80 то 100 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Тавре ба Раиси шаҳр иттилоъ доданд, ҶДММ «Асрори санг» таҷрибаи 12-солаи корӣ дар самти коркарди сангро доро буда, бо ширкатҳои Федератсияи Россия, Германия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин шартномаҳои дарозмуддатро барои содироти маҳсулоти омода ба имзо расонидааст.

Таҷҳизоти коркарди санг дар корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Германия ворид мегардад.

Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулини корхонаро ба тавсеаи ҷойҳои корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ба рақобат тобовар ҷалб намуд.

Масуълини корхона иттилоъ доданд, ки оянда дар ин ҷо коргоҳи дӯхти либосҳои варзиширо бо воридоти технология аз Ветнам ба роҳ монда, бо ин барои боз 30 нафар ҷойи корӣ фароҳам меоранд.

Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва консерва

Корхонаи дигари истеҳсолӣ, ки Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни сохтмони он шинос шуд,  корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва консерва ба шумор меравад, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Олимҷон Маҳкамов дар масоҳати 0,30 гектар бунёд шуда истодааст.

Тибқи лоиҳа, бинои корхона аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, корҳо аллакай дар қисмати бунёди таҳхона ва бинои аввали он ба итмом расидаанд.

Рустами Эмомалӣ аснои шиносоӣ бо ҷараёни бунёди корхона ба сифати иҷрои корҳо ва маҳсулоти сохтмонӣ мароқ намуда, таъкид кард, ки бо вусъат бахшидан ба рафти сохтмон, корхона то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Тибқи иттилои масъулин, дар  рафти корҳои бунёдӣ 13 нафар сохтмончиён бо кор таъмин буда, дар сурати ба фаъолият оғоз кардани корхона зиёда аз 50 нафар бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.

Таҷҳизоти технологии корхона аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, иқтидори коркарди то 1000 тонна маҳсулоти қаннодӣ ва консерваро доро мебошанд. Корпхона нақша дорад, ки баробари таъмини эҳтиёҷоти дохилӣ, ҳамзамон бархе аз анвои консерваро ба кишварҳои ҳамсоя содир намояд.

Корхонаи саноатии истеҳсоли маҳсулоти ордӣ, хушкмева ва афшура аз мевагиҳо

Ба Рустами Эмомалӣ инчунин мавзеи бунёди ҶДММ «Грин Голд»-корхонаи саноатии истеҳсоли маҳсулоти ордӣ, хушкмева ва афшура аз мевагиҳо муаррифӣ карда шуд.

Қитъаи замини барои бунёди корхона ҷудогардида 0,46 гектарро ташкил дода, корхона бо харҷи 10 миллион сомонӣ сохта мешавад. Таҷҳизот барои истеҳсоли маҳсулот аз Ҷумҳурии Туркия ворид гардида, дар корхона барои то 100 нафар ҷойи корӣ фароҳам мешавад.

Иқтидори истеҳсолии корхона 5 тонна маҳсулоти ордӣ, хушкмева ва афшура аз мевагиҳо дар як шабонарӯз ва 150 тонна дар як моҳ мебошад.

Корхона барои коркарди санги хоро ва мармар

Иншооти дигари сохташаванда дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе ҶДММ «Строй комплекс» маҳсуб мешавад.

Фаъолияти корхона барои коркарди санги хоро ва мармар пешбинӣ гардидааст.

Раиси шаҳри Душанбе  дар ҷараёни боздид аз корҳои сохтмонӣ таъкид намуд, ки бо инобати вусъати  тадбирҳои ободониву созандагӣ дар пойтахт талабот ба ин қабил маҳсулоти сохтмонию ороишӣ хеле зиёд мебошад.

Аз ин рӯ, маҳсулоти ин гуна корхонаҳо метавонад дар бозор зуд мавқеъ пайдо кунад, ки дар навбати худ барои беҳтар гардидани вазъи молиявии худи корхона заминаи боэътимод фароҳам меорад.

Роҳбарияти ҶДММ «Строй комплекс» ба  Рустами Эмомалӣ иттилоъ доданд, ки корхона аз ду коргоҳи алоҳидаи истеҳсолӣ — коркарди санги хоро ва коркарди санги мармар иборат буда, иқтидори солонаи он 150 ҳазор метри мураббаъ сангро ташкил медиҳад.

Корхона азм дорад, ки бо инобати мавҷудияти захираҳои бойи табиӣ дар мамлакат ва тавассути равнақ бахшидани фаъолияти корхона, барои наздики 200 нафар сокинони шаҳри Душанбе ҷойи корӣ таъсис диҳад ва иншоотро то ҷашни 29-умин  солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ омода созад.

Раиси шаҳри Душанбе  аснои суҳбат бо соҳибкорон ташаббус ва саҳми онҳоро бобати бунёди чунин корхонаҳои саноатӣ, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат ва бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории судманди давлат бо бахши хусусӣ амалӣ карда мешавад, қобили дастгирӣ арзёбӣ кард.

Тавре Раиси шаҳри Душанбе таъкид кард, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тамоми тадбирҳои зарурӣ бобати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ андешида мешаванд ва дар навбати худ соҳибкоронро лозим аст, ки корро дар асоси вазифаву уҳдадориҳои базиммагирифта ба роҳ монда, иншооти истеҳсолиро дар муҳлатҳои пешбинигардида ба истифода супоранд ва бо ин дар таъсиси ҷойҳои бештари корӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръат саҳми муносиб гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки санги асос барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ дар   Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе 20 сентябри соли 2018 аз ҷониби  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ гузошта шуда буд.

Февраль 7, 2020 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРА БАРОИ ЗИМИСТОН. Дар сардхонаҳои махсуси шаҳри Душанбе 18 238,3 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ захира гардидааст
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Ғолибони озмунҳои шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» қадрдонӣ шуданд
Шурои якуми соҳибкорзанон баргузор шуд
Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Президенти Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил гардид
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН». Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
31 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳри Душанбе то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 пешбинӣ гардидааст
Дар Душанбе барои таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
«ДУШАНБЕ-ОЯНДАИ ҲУШМАНД ВА УСТУВОР». Таҳти чунин унвон имрӯз Форуми миллӣ оид ба Шарҳи ихтиëрии маҳаллӣ доир шуд
Валентина Матвиенко: «Дар муддати дуюним сол Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи омӯзгорон ботантана таҷлил гардид