Ширин Амонзода: «Ба Тоҷикистон беш аз 1,2 миллион нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф овардаанд, ки дар қиёс ба соли 2018-ум 21,5 фоиз зиёд аст»

Февраль 7, 2020 16:12

ДУШАНБЕ, 07.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта ба Тоҷикистон  беш аз 1,2 миллион нафар сайёҳони хориҷӣ  ташриф овардаанд, ки ин омор  дар қиёс ба соли 2018   219,7 ҳазор нафар ё 21,5 фоиз зиёд аст.

Раиси тозатаъйини Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ширин  Амонзода 7 феврал дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки ба бистгонаи кишварҳое, ки шаҳрвандонашон ба ҳайси сайёҳ ба Тоҷикистон  ташриф овардаанд, давлатҳои Ӯзбекистон, Россия, Беларус,  Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Чин, Афғонистон,  Молдова, Канада,  Корея, Япония, Италия, Франсия, Германия, Британияи Кабир, Ҳиндустон, Амрико ва Корея   шомил мебошанд. Бо назардошти иқтидор ва захираҳои бои сайёҳие, ки дар Тоҷикистон мавҷуданд, сайёҳони хориҷӣ бештар ба намудҳои саёҳати   экологӣ-кӯҳнавардӣ ва таърихию фарҳангӣ  майл доранд.

Ширин Амонзода афзуд, ки ба сайёҳони дохилию хориҷӣ 282 объекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз қабили меҳмонхона, осоишгоҳу истироҳатгоҳ, ҳостел, маҷмааҳои сайёҳӣ, ки фарогири қариб панҷ ҳазор нафар корманд мебошанд, хизмат расонидаанд.

Гуфта шуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ, бахусус инфрасохтори он ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ тақвият дода шуда, ҷалби маблағҳои грантӣ аз Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 15 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи Лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» ва Бонки осиёии рушд ба андозаи 10 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи Лоиҳаи «Рушди соҳаи сайёҳӣ» роҳандозӣ мегардад.

Бо дахли омода намудани мутахассисон дар бахши сайёҳии мамлакат  Ширин Амонзода зикр намуд, ки алҳол дар 14 муассисаи олии касбии ҷумҳурӣ  беш аз 2 ҳазор нафар ва 550 нафар дар коллеҷҳо аз рӯи 16 ихтисоси соҳаи сайёҳӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Зикр гардид, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Нақша чорабиниҳои «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи соли 2030, барои солҳои 2019 -2022» ва «Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020» ба роҳ мондааст.

Рисолати Кумита ба рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, беҳтар гардидани симои сайёҳии Ватанамон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори соҳа нигаронида шудааст.

Февраль 7, 2020 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвозро наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ тамошо намуданд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад