ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, якшанбе, 47-умин рӯзи соли 2020 аст

Февраль 16, 2020 08:00

16 феврали соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

***

8 сол пеш, 16 феврали соли 2012 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла, таъмини саривақтии нафақа машварати корӣ доир намуда, ҷараёни иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъмини эътидол дар Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, омўзиши низоми таъйини нафақаҳои маъюбӣ ва пардохти саривақтии нафақаро баррасӣ карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе семинари серӯзаи Тоҷикистону Кувайт оид ба масъалаҳои рушди туризми байналмилалӣ оғоз гардид.

16 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии идоракунии иттилоот.

***

Рӯзи барқарорсозии давлати Литва.

 РӮЙДОДҲО:

 16 феврали соли 2005  Ҷамъияти  саҳомии   муштараки  Россия  ва  Тоҷикистон — Неругоҳи барқи  обии  «Сангтӯда – 1» таъсис ёфт.

***

16 феврали соли 2010 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай барои мубориза бо терроризмро, ки яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими давлатҳои аъзои созмон мебошад, ба тасвиб расонид.

***

4 сол пеш, 6 феврали соли 2016 дар шаҳри Брюссел ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ширкат варзид.

***

16 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1918 Ҷумҳурии Куба истиқлолият ба даст овард.

***

16 феврали соли 1992 дар раъйпурсии Швейтсария аксарияти аҳолӣ бар зидди манъи истифодаи ҳайвонҳо барои таҷрибаи тиббӣ овоз доданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1903 аввалин маротиба барои пурра кардани дандонҳо  фарфор истифода бурда шуд.

 ***

Соли 1968 аввалин маротиба дар таърихи истифодаи телефон рақами  хадамоти кумакрасонии фавқулода – 911 ба истифода дода шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Февраль 16, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш