ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Шибитак, чукрӣ, рошак, каравчак… дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва боғҳо бе мушкилӣ парвариш меёбанд
ДУШАНБЕ, 26.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шибитак, чукрӣ, рошак каравчак ва 6 намуд пиёзҳо аз номгӯйи растаниҳои ғизоии фоидаовар ва нодиру камёфти худрӯе мебошанд, ки дар қитъаи таҷрибавии Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб шинонида шуданд. Мутахассисони ин боғ тавсия медиҳанд, ки хоҷагидорон метавонанд ин гурӯҳи растаниҳоро дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва боғҳояшон бе мушкилӣ парвариш намоянд.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ директори Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб, доктори илмҳои биологӣ Мариё БОБОЕВ иброз намуд, ин растниҳои ғизоии ёбоӣ ба нигоҳубини зиёд ва ғизодиҳии иловагӣ на чандон зиёд эҳтиёҷ доранд. Кишти тухми ҳамаи намудҳои растаниҳои ғизоӣ бояд дар моҳҳои октябр-ноябр гузаронида шавад, то стратификатсияи табииро гузаронанд.
Масъалаи омӯзиши олами набототи худрӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи оқилонаю сарфакоронаи онҳо яке аз масъалаҳои муҳим буда, солҳои охир аҳамияти илмию амалии он ба маротиб афзудааст. Хусусан, боғикунонии гиёҳҳои ғизоӣ ва нодиру камёфти худрӯй дар шароити имрӯза басо зарур аст.
«Имрӯзҳо масъалаи ҳифзу оқилона истифода бурдани растаниҳои фоидаовар ва ғизоӣ хеле ташвишовар мебошад. Ин гуна растаниҳо дар натиҷаи ҷамъоварӣ ҳамчун гиёҳҳои доругӣ, мевадиҳанда, хӯроки чорво, ороишӣ ва ғ. ба ҳадди нестӣ расида истодаанд. Баъзе намудҳо, ба монанди зира, пиёзи анзур, сиёҳалаф, модел, чукрӣ, рошак, каравчак, шибитак (шунук), чоқла ва ғ. ҳамасола бо сабаби аз меъёр зиёд ҷамъоварӣ шудан миқдоран кам шуда, аксарияташон ба “Китоби сурхи Тоҷикистон” ворид гаштаанд», — гуфт Мариё Бобоев.
Имрӯзҳо мардум ба миқдори бениҳоят зиёд барои тайёр намудани хӯрокҳои гуногун миллӣ намудҳои гиёҳҳои худрӯй, алалхусус пиёзи анзур, модел, моил, бубанак, гуши бузак, сиёҳалаф, рошак, шунук, каравчакро ба бозорҳо мебароранд. Аксарияти онҳоро бо реша ва ё бо пиёзакашон ҷамъоварӣ мекунанд, ки ин сабаби рӯз то рӯз коҳиш ёфтани миқдорашон мегарданд.
Аз ин лиҳоз кормандони Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб тайи солҳои охир ба парвариши растаниҳои ғизоӣ ва нодир, ки яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад, пардохтанд. Солҳои охир кормандони боғ гурӯҳи калони намуди растаниҳои ғизоӣ ва шифобахшро дар шароити боғӣ парварида истодаанд, ки барои ҳифзу нигаҳдории минбаъдаи онҳо хеле зарур аст.
Ҳадафи асосии кормандони Боғи ботаниии шаҳри Кӯлоб — ин парвариш ва омӯзиши хусусиятҳои биоэкологии растаниҳои ғизоии ёбоии Тоҷикистони ҷанубӣ дар шароити боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб буда, роҳҳои муҳофизати онҳо мебошад.
Ба нақли номбурда, он мушоҳидаҳои сершуморе, ки дар минтақаҳои гуногуни паҳншавии растаниҳои ғизоӣ гузаронида шуданд, нишон медиҳанд, ки қариб дар ҳамаи мавзеъҳо рушди онҳо миқдоран хеле коҳиш ёфта, дар баъзе ҷойҳо аллакай ба ҳадди нестӣ расидааст.
Аз соли 2003 то инҷониб бо ташаббуси муассиси Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб шодравон Тилло Бобоев як гӯшаи растаниҳои нодиру камёфт ва ғизоӣ ташкил гардидааст, ки ҳамсола аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ растаниҳо дар шакли тухмӣ ва қаламча оварда шуда, аз таҷриба мегузаранд.
Бо фаро расидани фасли баҳор ва гарм шудани ҳаво имрӯзҳо дар бозорҳои Тоҷикистон ба фурӯш баровардани алафҳои кӯҳиву саҳроӣ, назири чукриву рошак, навъҳои сияҳалафу ров хеле зиёд ба чашм мерасад. Бахусус, мардуми шаҳрнишин дар ин шабу рӯз дар қатори сабзавоти маъмулӣ растаниҳои ғизоӣ мехаранд.
Солҳои охир на таҳо сокинони мамлакат, балки шаҳрвандони хориҷӣ ҳам ба алафҳои кӯҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд ва савдогарон аз он даромади хуб ҳам ба даст меоранд.
Тавре табибон иброз медоранд, қабули ҳама намудҳои сабзавот ва алафҳои кӯҳӣ барои организм хеле зарур аст. Аз ҷумла, шибит, ров, рошак, сияҳалаф ва модел дар таркиби худ витаминҳои зиёд доранд ва холестеринро дар даруни рӯда ҷаббида, берун мебароранд. Дар фасли баҳор захираҳои организм кам мешаванд. Дар организм, ки витамин кам шуд, тамоми касалиҳо хуруҷ мекунанд.
Дар мамлакати мо аз рӯи маълумот зиёда аз 3500 то 5 500 растанӣ мерӯянд, ки ҳамаи онҳо хосияти шифобахшӣ доранд. Хуб мешуд агар он нафароне, ки ба ҷамъоварии ин растаниҳои шифобахш машғуланд, онҳоро бо реша ва ё бо пиёзакашон накананд. Зеро чунин ҳолат боиси рӯз то рӯз коҳиш ёфтани миқдори растаниҳои шифобахш мегардад.
















Дар вилояти Суғд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 200 МВт бунёд карда мешавад
Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ва рушди маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ шуданд
Дар Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории вилояти Хатлон ба 520 намуна шаҳодатномаи сифати тухмӣ дод
Байни соҳибкорони Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамоишҳо доир мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тоҷикистон бо шарикони рушд 17 созишномаи қарзию грантӣ ба имзо расонид
Ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Беларус дар шаш моҳи аввали соли 2026 6,3 фоиз афзоиш ёфт
Дар шаш моҳ беш аз 30 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ ба ноҳияи Варзоб омадаанд
Соли 2026 дар вилояти Хатлон 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд
Ҳавопаймои нави Boeing 737-8 MAX ба Тоҷикистон ворид карда шуд
«МЕЪМОР-2026». Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар вилояти Суғд доир мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Носири Хусрав моҳи август ҷамъоварии пахта оғоз мегардад






