Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: «Миёни 301 нафар шахсоне, ки аз Чин вориди Тоҷикистон гардидаанд, ягон нафар гирифтори коронавирус нест»

Февраль 3, 2020 15:22

ДУШАНБЕ, 03.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 301 нафар шахсоне, ки аз миёнаҳои моҳи январ то имрӯз аз Ҷумҳурии Мардумии Чин вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд, дар беморхонаҳои сироятии мамлакат бистарӣ гардида, таҳти назорати бевоситаи табибон қарор доранд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ овозаҳоро дар мавриди он ки гӯё дар байни  бистаришудагон гирифторони коронавирус ошкор шудаанд, рад намуда, иттилоъ медиҳад, ки миёни онҳо сироятёфтагони ин навъи вирус ба қайд гирифта нашудаанд.

Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Нафарони бистаришуда асосан донишҷӯён, тоҷирон ва кормандони ширкатҳои чинӣ мебошанд. Ин нафарон дар беморхонаҳои сироятии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои атрофи пойтахт давоми 14 рӯз бистарӣ гардида, дар ин муддат бо касе дар иртибот нахоҳанд  шуд ва  дар ҳолати ошкор гардидани коронавирус шахси сироятёфта ба ҳуҷраҳои махсус интиқол дода хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки шахсони аз кишвари Чин ба Тоҷикистон воридшуда танҳо бо мақсади пешгирии сирояти эҳтимолии коронавирус дар мамлакат дар беморхонаҳои сироятӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки то кунун сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Танҳо чораҳои пешгирии ин вирус роҳандозӣ карда шуда истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ҷиҳати ошкор ва пешгирии сирояти коронавирус дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат корҳои назоратиро пурзӯр намуда, корҳои омодагӣ ва пешгирикунанда дар ин самт идома доранд.

Февраль 3, 2020 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон