Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд

Май 22, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 22.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт–Петербурги Федератсияи Русия мегузарад, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки барои вакилони парлумони мо иштирок дар кори Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамеша имконияти муҳим барои саҳм гузоштан дар таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ, рушди эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ дар байни давлатҳо мебошад.

Баён шуд, ки ин ҷаласа дар доираи Соли ҳифзи саломатӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, ки ба рӯзномаи мо мазмуни амиқи иҷтимоӣ ва гуманитарӣ мебахшад. Интихоби ин мавзуъ ҳамчун самти афзалиятноки умумӣ дар фазои Иттиҳод бозгӯи дарки умумии он аст, ки саломатии инсон арзиши асосӣ ва пояи рушди устувори ҳар давлат мебошад.

Таъкид шуд, ки солҳои охир давлатҳои мо бо мушкилоти ҷиддӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ рӯ ба рӯ шуданд. Кофист пандемияи COVID-19 ва пайомадҳои дарозмуддати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии онро барои кишварҳоямон ба ёд орем. Ин мушкилот нишон доданд, ки самаранокии низомҳои миллии тандурустӣ на танҳо аз захираҳои иқтисодӣ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ, балки аз сатҳи танзими қонунгузорӣ низ вобастагии зиёд дорад.

«Маҳз дар сатҳи қонунгузорӣ асосҳои ҳуқуқие муайян карда мешаванд, ки дастрасии ёрии тиббӣ, ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи тиб, рушди тиббӣ-профилактикӣ, ҷорӣ намудани навовариҳо ва таъмини имконияти баробар барои ҳамаи қишрҳои аҳолиро муайян месозанд» — гуфта шуд дар ҷаласа.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 22, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд