АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ВА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ОН. Тоҷикистон онро яке аз ҳадафҳои стратегии худ эълон кардааст

Март 15, 2020 09:17

ДУШАНБЕ, 15.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Дар мамлакат бисёр одамон то ҳол ҳуқуқҳои худро ҳамчун истеъмолкунанда намедонанд. Дониши кофии ҳуқуқӣ надоштан сабаб мешавад, ки онҳо ҳангоми харид фиреб хӯранд. Ҳадафи қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» пешгирии қонунвайронкуниҳо ва нақзи ҳуқуқи истеъмолкунандаҳо буда, он меъёрҳои ҳуқуқии муносибати байни истеъмолкунанда ва фурӯшанда ва истеҳсолкунандаи молро муайян месозад.

Ин матлаб порае аз мулоҳизаҳои мудири бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон ЗАБИРЗОДА аст, ки бахшида ба  Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи истеъмолкундагон ба АМИТ «Ховар» ирсол намудааст. Дар зер мулоҳизаҳои номбурдаро пешниҳод менамоем:

— Тибқи қатъномае, ки  Созмони Милали Мутаҳид соли 1985 қабул намуда буд, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамасола 15 мартро ҳамчун  Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи истеъмолкундагон таҷлил менамояд. Ин рӯз дар Тоҷикистон низ бо  бурдани  корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ ва баргузории семинару ҳамоишҳо дар ин мавзӯъ таҷлил мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ расидан ба  амнияти озуқаворӣ ва таъмини бехатарии онро яке аз ҳадафҳои стратегии худ эълон кардааст. Ҳукумати мамлакат  дар ин давра барои расидан ба ин мақсад  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла даҳҳо барномаҳои давлатиро қабулу амалӣ гардонид. Яке аз онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» мебошад, ки 15 майи соли 1997 қабул карда шудааст.

Қонуни мазкур  дар таҳрири нав 9 декабри соли 2004 мавриди амал қарор гирифт, ки он муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурӯшандагонро ҳангоми фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро ҳангоми хариди моли дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол ва истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурӯшандагони) он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян мекунад, ба танзим дароварда шуд.

Тибқи ин қонун, истеъмолкунандаҳо ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ аз зарари мол (кор, хизматрасонӣ), бехатарии мол, ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ, маълумот доир ба мол, маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҷуброни пурраи зараре, ки бинобар нуқсони мол расидааст, бехатарии муҳити зист дар мавриди истеҳсол ва муомилоти мол, изҳори назари худ оид ба мол ва муроҷиат ба суд ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худро доранд.

Тибқи моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» нуқсони ошкоргардидаи молро истеҳсолкунанда (фурӯшанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи истеҳсолкунанда (фурӯшанда)- ро иҷро мекунад, агар тибқи созишномаи тарафҳо муҳлати дигари бартараф сохтани нуқсони мол муайян нашуда бошад, бояд фавран бартараф созад. Муҳлати ниҳоии бартараф намудани нуқсони мол аз рӯзи бартараф намудани онро талаб кардани истеъмолкунанда аз чаҳордаҳ рӯз дарозтар буда наметавонад. Нисбат ба моли истифодааш дарозмуддат истеҳсолкунанда (фурӯшанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи истеҳсолкунанда (фурӯшанда)-ро иҷро мекунад, уҳдадор аст ҳангоми аз ҷониби истеъмолкунанда пешниҳод гардидани талабот дар давраи таъмир моли ҳаммонандро ба истеъмолкунанда бемузд пешниҳод намуда, дар муддати се рӯз аз ҳисоби худ ба ӯ расонад.  Номгӯи молҳои истифодаашон дарозмуддатро, ки талаботи мазкур ба онҳо дахл надорад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Инчунин ҷиҳати  баланд бардоштани сатҳу сифати молу маҳсулот ва хизматрасонӣ зарур аст, ки  пешгирии воридот, истеҳсол ва фурӯши молу маҳсулоти бесифату бехатар  ва ҷорӣ намудани низоми нави идоракунии сифат аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ, инчунин мусоидат намудан ба корхонаҳои истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашудаи ватанӣ  мутахассисони он пайваста талош кунанд, ки бехатарии бозори истеъмолиро таъмин намоянд.

Бояд зикр намуд, ки яке аз самтҳои асосии мақомоти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва дигар зерсохторҳои онро таъмини бехтарии маҳсулоти озуқаворӣ, ташхису назорати он бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон  ташкил медиҳад.  Зеро мақсад аз таъсис додани Кумитаи бехатарии  озуқаворӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ҳалли ҳамин мушкилот ва кам кардани такроршавии вазифаҳои хизматии ба ҳам монанд, ҳамоҳангии санҷишҳо, сарфаи маблағҳои буҷа ва кам гардидани монеаҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳамчунин пешгирӣ намудани фаъолияти соҳибкоронест, ки мехоҳанд бо роҳу воситаҳои гуногун ба мамлакат маҳсулоти пастсифати озуқаворӣ ворид намоянд.

Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз таъсисаш беш аз ду сол сипарӣ мегардад, бо мақсади таъмини бехатарии озуқаворӣ дар доираи қабули барномаҳои давлатӣ, махсусан дар заминаи тадбиқи «Барномаи бехатарии  озуқаворӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» фаъолияташро дар самти байторию зотпарварӣ, фитосанитарӣ, карантини растанӣ ва тухмӣ ба роҳ монда, тамоми маҳсулотеро, ки дар кишвар истеҳсол карда мешаванд ва ё аз хориҷи мамлакат ворид карда мешаванд, таҳти  санҷиш ва назорати доимии худ қарор додааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки «таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат ва бехатари озуқаворӣ, ки шарти асосии солимии мардум мебошад, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад». Бо назардошти ин гуфтаҳо соҳибкорону истеҳсолкунандагони ватаниро зарур аст, ки дастгириҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Сарвари давлатро дарк намуда, кӯшиш намоянд имкониятҳои мавҷударо баҳри истеҳсоли молу маҳсулоти босифат ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир равона намуда, тавонанд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда фаъолияти худро ба роҳ монанд.

Март 15, 2020 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ду далели вайрон намудани қоидаҳои истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз шуд
Дар вилояти Хатлон санҷиши омодагии ҳайати захираҳои сафарбарӣ доир гардид
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро дастгир намуд
Дар Душанбе ҷаласаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир шуд
Президенти Тоҷикистон: «Ҳифзи сулҳи пойдор вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеа мебошад»
Дар Суғд ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир шуд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Артиши миллӣ 100 фоиз иҷро гардид
Ба сокинони шаҳри Роғун риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти истифодаи самараноки неруи барқ фаҳмонида мешавад
Судяҳои Суди Олии Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Оид ба татбиқи барномаҳои давлатии Тоҷикистон дар пешгирии экстремизм ва терроризм конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд