«ҲАМОН ХОНА ЗЕБОСТ, КИ РАФҲОИ ОН БО КИТОБ ОРО ЁФТА БОШАНД». Имрӯз Нашриёти «Адиб» дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши китоб доир намуд

Март 21, 2020 10:17

ДУШАНБЕ, 20.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Дар ҳамин лаҳзаҳо ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи фарҳанг бо ташаббуси Нашриёти «Адиб» дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи   Абулқосим Фирдавсии  шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши китоб ҷараён дорад.

Директори Нашриёти «Адиб» Давлат Сафар ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки  дар ин маъракаи фарҳангӣ  аз ҷониби нашриёт китобҳои тозанашри «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст», «Андарзи бузургон» ва охирин нусхаҳои «Маснавӣ»-и Мавлавӣ, инчунин адабиёти классикони тоҷику форс, ададбиёти муосир ва адабиёти ҷаҳонӣ ҳамчун арғувони ҷашнӣ бо сифати олӣ ва нархи дастрас пешниҳоди хонандагон гардидаанд.

Номбурда афзуд, ки дар ин намоишгоҳ шоирону навсиандагони машҳури тоҷик иштирок доранд, ки  дӯстдорони мутолиа  метавонанд, дар китобҳои харидаашон соядасти онҳоро гиранд, бо онҳо ҳамсуҳбат шаванд.

Бояд гуфт, ки китоб воситаи муҳимтарини ахбори оммавӣ, илмӣ ва техникӣ, аслиҳаи пурзӯри муборизаи сиёсию идеологӣ дар паҳнкунӣ ва тарғиби дониш, маълумот ва тарбия ба шумор меравад.

Нависандаи рус Михаил Ломоносов  мегӯяд, ки «ҳамон хона зебост, ки рафҳои он бо китоб оро ёфта бошанд».

Рушди анъанаи китобдориву китобхонӣ яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии Пешвои миллат дониста мешавад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 март дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат иброз доштанд: «Мо як нуктаро ҳамеша бояд дар ёд дошта бошем, ки китобхонӣ роҳи асосии баланд бардоштани сатҳи маърифат аст ва олим бе китобхонӣ олим намешавад. Зеро бузургон гуфтаанд, ки ҳар гоҳ аз китобхонӣ бозмондӣ, аз фикр кардан ҳам мемонӣ».

Ёдовар мешавем, ки соли дуюм аст, ки  дар мамлакат аз ҷониби Нашриёти «Адиб» намоиш — фурӯши китоб гузаронида мешавад. Ин иқдом барои мардуми тоҷик анъана ва воситаи хубест ҷиҳати дастрас намудани осори пурғановати адибони ватанию хориҷӣ.

Нашриёти «Адиб» тасмим дорад, ки дар пайи амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат намоиш-фурӯши китобро дар тамоми минтақаҳои мамлакат доир ва тавассути он тамоми  мардуми ҷумҳуриро бо китоб таъмин намояд.

Мегӯянд, ки дониш зарра-зарра аз китобҳои хондашуда андӯхта мешавад ва китоб аввалин замина барои илмомӯзист.

Пас, биёед китоб мехонем!

Март 21, 2020 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад