Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ аз вуруди коронавирус кумак расонида шуд
ДУШАНБЕ, 17.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон таҷҳизоти муҳофизатӣ, аз қабили 6000 маҷмӯи якмасрафа, 5000 либоси якмасрафа, 15000 дастпӯшак, 6500 респиратор, 1500 ҷуфт мӯзаи обногузар, таҷҳизот барои пешгирӣ ва дигар лавозимоти зарурии санитарӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус тақдим карда шуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба «Ховар» хабар доданд.
Дар маросими супоридани мавод ва таҷҳизоти мазкур муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Уолбурга Росс, роҳбари Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Лучано Калестини ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода аз дастгириҳои пайвастаи Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон нисбат ба соҳаи тандурустии мамлакат ёдовар шуда, тақдими мавод ва таҷҳизоти тиббиро идомаи ҳамкории мутақобилан судманди вазорат бо ин ду ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ арзёбӣ ва ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуд.
Зикр гардид, ки бо назардошти вазъи кунунии сирояти коронавирус дар ҷаҳон мавод ва молҳои зикршуда барои пешгирии вируси мазкур метавонанд кумак расонанд.
Хушбахтона, то кунун сирояти коронавирус дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Вале новобаста ба ин, чораҳои амалӣ ҷиҳати пешгирии вуруди сирояти мазкур ба мамлакати мо пурзӯр карда мешаванд.








Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид






