БОКС: ҳарифони варзишгарони тоҷик дар даври аввали мусобиқаи интихобии олимпӣ маълум шуданд

Март 3, 2020 09:45

ДУШАНБЕ, 03.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Аммони Шоҳигарии Урдун мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус оид ба бокс шурӯъ гардида, то 11 март  идома меёбад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, шоми дирӯз маросими қуръакашии мусобиқа доир гардид ва муштзанҳои мо ҳарифонашонро дар даври аввал шинохтанд. Миёни мардон имрӯз, 3 март нахуст дар вазни 75кг Мирзомуҳаммад Бахтиёр бо варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҷинҷеа Ким, 4  март дар вазни -52кг Шуҳрат Сабзалиев бо варзишгари Муғулистон Енхмандах Хархуу, дар вазни -69кг Шералӣ Мамадалиев бо Нурсултон Маматалӣ аз Қирғизистон, 5  март дар вазни -63кг Баҳодур Усмонов дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Арген Қодирбек уулу (Қирғизистон)/Санил Шаҳӣ (Непал), дар вазни -81кг Шаббос Негматуллоев дар даври дуюм бо Файзуллоҳ Аюбӣ аз Афғонистон, 6 март дар вазни -91кг Давлат Болтаев бо Эрденебайар Сандагсурен аз Муғулистон, дар вазни +91кг Сиёвуш Зуҳуров бо Леуила Мауу аз Зеландияи Нав ва 7  март дар вазни -57кг Бахтовар Сагизов дар даври дуюм бо Синг Йу Тсо аз Ҳонгконг рақобат  мекунанд.

Миёни бонувон  4 март дар вазни -57кг Миҷгона Самадова дар даври дуюм бо Ский Николсон аз Австралия, дар вазни -60кг Шоира Зулқайнарова дар даври аввал бо Йеонҷӣ Оҳ аз Кореяи Ҷанубӣ, 6  март дар вазни -69кг Нилуфар Бобоёрова бо Байсон Маникон аз Тайланд, 7 март дар вазни-51кг Сумайя Қосимова бо Реим Ҳамдан Мансур Ал-Мриҳел аз Урдун қувва  месанҷанд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа, ки аз рӯи 13 категорияи вазнӣ (8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон) сурат мегирад, 250 варзишгар аз 40 давлат барои 41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни бонувон талош мекунанд. Тибқи низомнома, дар қораи Осиё/Уқёнус миёни бонувон дар вазни -51кг 6 нафар, дар вазнҳои -57кг, -60кг, -69, -75кг 4-нафарӣ, миёни мардон дар вазнҳои -52кг, -57кг, -63кг 6-нафарӣ, дар вазнҳои -69кг, -75кг, -81кг 5-нафарӣ ва дар вазнҳои -91кг, +91кг 4-нафарӣ ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро пайдо мекунанд.

Март 3, 2020 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд