«Бухорои шариф» 108-сола шуд! Ин рӯзнома чароғе буд, ки мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд

Март 11, 2020 09:17

ДУШАНБЕ, 11.03.2020./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 март аз таъсиси  нахустин рӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои шариф» 108 сол сипарӣ гардид.  11 марти соли 1912  бо ташаббуси равшанфикрони тоҷик  Мирзо Муҳиддин Мансурзода ва Мирзо Сироҷи Ҳаким  аввалин рӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои шариф» рӯи чоп омад, ки ин рӯйдоди муҳими таърихиву фарҳангӣ сароғоз ва нахустин қадамҳои устувори матбуоти тоҷик  маҳсуб мешавад. Нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф» сарчашмаи асосии матбуоти миллӣ гардид. Ин аст, ки бо гузашти 108 сол аз нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ рушди  матбуоти миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллии мардум ва ободию пешрафти давлату миллатамонро ба он тавъам медонанд.

Агар ба таърихи нашри рӯзномаи «Бухорои шариф», ки дар қаламрави Осиёи Миёнаи тоинқилобӣ пурра бо забони тоҷикӣ ба табъ мерасид,  назар афканем, шоҳиди он мегардем, ки  ин рӯзнома  як соли пурра ҳам фаъолият накардааст. Рӯзномаи мазкур  баъди нашри шумораи 153-юмаш- 2 январи соли 1913 баста шуд.

Аммо дар ин муддати кӯтоҳ, тавре муҳаққиқон зикр кардаанд, «Бухорои шариф» тавонист дар фазои торики Аморати Бухоро афкору андешаҳои тозаи маорифпарваронаро миёни мардум шарҳу тавзеҳ диҳад ва ҳадафҳои таъсису фаъолияташро, ки босаводу соҳибмаърифат, забондону адабиётдӯст ва худшиносу ояндабин кардани мардум буд, амалӣ гардонад. Ба қавли асосгузори адабиёти муосири тоҷик  Устод  Садриддин Айнӣ: «Бухорои Шариф» дар торикистони таърих чароғе буд, ки  мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд» ва барои вориди майдони матбуот шудану фаъолият намудани нашрияҳои баъдии тоҷикии «Шуълаи инқилоб», «Овози тоҷик» ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо замина гузошт. «Бухорои Шариф» чун нахустин рӯзномаи тоҷикӣ бо фаъолияти кӯтоҳ, вале пурсамараш таъсиру такони бузурге ба сиёсату иҷтимоии замон ва афкору ҷаҳонбинии мардум бахшид.

Аз соли 1994 дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон  Рӯзи матбуот 11 март- дар рӯзи чопи аввалин шумораи рӯзномаи «Бухорои шариф» таҷлил мешавад. Аввалин рӯзномаи давлатии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» таъсис ёфта буд, ки имрӯз бо номи «Ҷумҳурият» нашр мегардад. Аксари адибони маъруфи тоҷик ва умуман аҳли қалам фаъолияти худро аз воситаҳои ахбори омма оғоз карда,  бо онҳо ҳамкории доимӣ доштанд. Онҳо бо ҳамин роҳ дар рушди матбуоти миллӣ саҳми намоён гузоштанд.

Рӯзи матбуоти тоҷик  падидаи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон буда, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1995  инҷониб дар саросари Тоҷикистон расман   ҷашн гирифта мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди матбуоти тоҷик аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо»  ва   санадҳои дигари  меъёрии ҳуқуқии барои фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма  шароити мусоид  фароҳам овард. Ин аст, ки мавқеи матбуоти тоҷик дар ҷомеа  баланд гардид. Барои далел, агар соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 191 адад рӯзномаву маҷалла интишор мегардид, имрӯз қариб 621 рӯзномаву маҷалла ба табъ мерасанд, ки аз ин теъдод 395-тои он ҷамъиятиву хусусӣ мебошанд. Дар солҳои аввали истиқлолият дар Тоҷикистон танҳо 1 агентии иттилоотӣ фаъолият мекард, имрӯз теъдоди онҳо ба 11 адад расидааст.

Аз ин миён 1 агентӣ- Агентии Миллии Иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»  буда, 10 ададаш мустақил  мебошанд. Чунин пешравию дастовардҳо  дар воситаҳои ахбори электронӣ бештар ба назар мерасанд. Масалан, дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон 1 шабакаи радиоӣ ва 1 шабакаи телевизионӣ мавҷуд буд, ки бо вақти маҳдуд пахш мегардиданд. Алҳол дар Тоҷикистон 46 шабакаи радиотелевизионӣ фаъолият доранд, ки 28 шабакааш хусусӣ буда, вақти пахш барои шабакаҳои телевизионӣ бемаҳдуд  гардида, барои шабакаҳои радиоӣ   шабонарӯзист.

Ҳамзамон 3 январи соли 2014 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон Муассисаи давлатии Академияи воситаҳои ахбори омма таъсис дода шуд, ки рисолаташ рушди воситаҳои ахбори омма, баланд бардоштани касбияти кормандони ВАО, гузаронидани таҳқиқот дар соҳаи телевизион, радио ва  матбуот, таҳияи пешниҳодҳо ва дастурамалҳо оид ба такмили маводи телевизионӣ, радиоӣ ва чопӣ, рушди ҳамкории илмӣ ва эҷодии кормандони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бо ВАО-и давлатҳои хориҷӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, стандартҳо ва усулҳои муосири иттилоърасонии ҳамтоёни хориҷӣ, жанрҳои касбӣ, технология ва технологияҳои муосири иттилоотӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони ВАО-и мамлакат мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки нақши воситаҳои ахбори омма, хусусан нашрияҳо дар тарғиб ва муаррифии дастовардҳои даврони  соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифатнокӣ ва худшиносии ҷомеаи муосири Тоҷикистон, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини оромию осоиштагӣ ва пешравию шукуфоии мамлакат калон аст.

Соли равон матбуотчиёни тоҷик иди касбии худ- Рӯзи матбуоти тоҷикро дар рӯҳияи бунёдкорию созандагӣ ва  умед ба фардои дурахшони мамлакат, хусусан омодагиҳо ба таҷлили чашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  соли 2021 ҷашн гирифта мешавад, таҷлил менамоянд.

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик имрӯз дар толори Театри  давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҷамъомади идона бо иштироки матбуотчиёни тоҷик  ва  собиқадорони соҳа баргузор гардида, бархе аз рӯзноманигорони тоҷик, ки  дар рушду такомули матбуоти даврӣ саҳми шоиста гузоштаанд, аз ҷониби Вазорати фарҳанги  ҷумҳурӣ бо  унвони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ мегарданд.

Март 11, 2020 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад