COVID-19 ДАР ИДМ. Дар Қирғизистон се ҳолати нахустини сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, дар кишварҳои Иттиҳод шумораи гирифторон ба 353 нафар расид

Март 18, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 18.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қирғизистон аввалин ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуд. Сироят дар се нафар ошкор гардид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба АИ «Кабар» хабар медиҳад, дар ин бора имрӯз вазири тандурустии Ҷумҳурии Қирғизистон Космосбек Чолпонбоев зимни брифинг иттилоъ дод.

Бино ба гуфтаи Чолпонбоев, онҳо се нафар қирғизистоние мебошанд, ки 12 март пас аз адои ҳаҷи умра дар Арабистони Саудӣ ба ватанашон баргаштаанд.

«Ҳама ҳолатҳо дар ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолобод муайян карда шуданд. Ҳама сироятшудагон мардонанд. Айни замон барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ дар саросари кишвар тадбирҳо андешида мешаванд», — гуфт ӯ.

Ӯ ҳамчунин тазаккур дод, ки ҳамроҳ бо онҳо 135 нафар шаҳрвандон омадаанд. «Мо аллакай 90 нафарро пайдо кардем. Ҳамаи онҳо дар карантин буда, зери назорат қарор доранд», — таъкид кард вазири тандурустии Ҷумҳурии Қирғизистон.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад, ба ҳолати субҳи 18 март шумораи гирифторони  коронавирус дар дигар кишварҳои ИДМ, аз ҷумла дар Россия ба 114 нафар, дар Арманистон ба 78, дар Озарбойҷон ба 34, дар Қазоқистон ба 33, дар Молдова ба 30, дар Украина ба 14 ва дар Ӯзбекистон ба 11 нафар расид. Дар Беларус шумораи сироятёфтагон бетағйир боқӣ монда, 36 нафарро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар ИДМ ба 353 нафар расид.

Қаблан шумораи гирифторони коронавирус дар Россия 93 нафар, дар Арманистон — 52, дар Молдова — 29, дар Қазоқистон — 27, дар Озарбойҷон – 25, дар Ӯзбекистон — 10 ва дар Украина — 7 нафар буд.

То имрӯз дар Россия 8 нафар, дар Озарбойҷон – 6 ва дар Арманистону Молдова 1-нафарӣ аз беморхона ҷавоб шуданд. Дар Озарбойҷон як ҳолати фавт ва дар Украина ду ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи гирифторони коронавирус бетағйир боқӣ монда, 22 нафарро ташкил медиҳад, ки миёни онҳо як нафар аз беморхона ҷавоб шуд.

Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Чин (беш аз 80,8 ҳазор), Италия (беш аз 31,5   ҳазор), Эрон (беш аз 16,1 ҳазор), Испания (беш аз 11,8 ҳазор), Германия (беш аз 9,3 ҳазор), Кореяи Ҷанубӣ (беш аз 8,4 ҳазор), Франсия (беш аз 7,7 ҳазор), ИМА (беш аз 6,5 ҳазор), Швейтсария (беш аз 2,7 ҳазор) ва Британияи Кабир (беш аз 1,9 ҳазор) дохил мешаванд.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳафтаи гузашта хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард. Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 198 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 7,9 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 82,7 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 6,4 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

 

Март 18, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»