ДАР БОРАИ ВАЗЪ ДАР ӮЗБЕКИСТОН: сарҳадҳо баста, одамон ба рухсатӣ фиристода мешаванд, ҳама бояд ниқоб дошта бошанд

Март 23, 2020 16:47

ДУШАНБЕ, 23.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии намуди нави коронавирус дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҷаласаи навбатии худ 22 март дар бораи саривақт муайян кардани беморон ё шахсони гумонбар ба гирифтории беморӣ дар кишвар ва пешгирии паҳншавии он, инчунин оид ба дигар масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда қарор қабул намуд, хабар медиҳад АМИ «УзА».

Тибқи ин қарор маҳдудиятҳо муқаррар шуда, чораҳои дахлдор андешида мешаванд. Аз ҷумла, аз соати 00:01-и 23 март тамоми нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадӣ, ки дар Ӯзбекистон ҷойгиранд, баста мешаванд (шаҳрвандони хориҷие, ки кишварро тарк мекунанд, истисноянд).

Аз 23 март ҳама корхонаҳо ва муассисаҳои Тошканд, новобаста аз шакли моликияташон, бо нигоҳ доштани фаъолияти асосии худ, бояд бо тартиби муқарраркардаи қонун кормандонро ба рухсатии меҳнатӣ фиристонанд.    Қисми боқимонда ба таври фосилавӣ (онлайн) кор хоҳанд кард.

Кормандон бояд дар ҷои корашон лавозимоти муҳофизати инфиродӣ дошта бошанд ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонун нисбат ба онҳое, ки карантинро вайрон мекунанд, чораҳои интизомӣ татбиқ карда мешаванд.

Аз 23 март сар карда, нафароне, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар Тошканд, Қарақалпоқистон ва марказҳои минтақа бидуни лавозимоти муҳофизати шахсӣ (ниқобҳои тиббӣ)  гаштугузор мекунанд, «огоҳӣ» мегиранд. 25 март, аз соати 6 субҳ, тартиби ҷазо ба қувваи қонунӣ медарояд — барои надоштани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба андозаи арзиши ҳисобшудаи заминавӣ ҷарима баста мешавад, дар ҳолати такроран вайрон кардани он ҷарима ба се арзиши ҳисобшудаи заминавӣ мерасад.

Нисбат ба соҳибкороне, ки ба таври сунъӣ норасоии таҷҳизоти муҳофизати тиббӣ, аз ҷумла ниқобро  ба вуҷуд меоранд, чораҳои қатъӣ андешида мешаванд.

Барои ҳифзи саломатии шаҳрвандони кишвар ба шахсони аз 65-сола боло ва дорои бемориҳои музмин тавсия дода мешавад, ки  бидуни зарурат аз хона набароянд ва ҳангоми ба кӯча баромадан аз таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ (ниқобҳо) истифода кунанд.

Бо мақсади пешгирии ин беморӣ дар ҳамаи нуқтаҳои савдо, бозорҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ барои нигоҳ доштан ва риоя  шудани масофаи зарурии тавсияшуда  дар байни одамон чораҳо андешида мешаванд.

                                                                          АКС:t.me/tshtxuz

 

Март 23, 2020 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид