Дар Хуросон оқибатҳои офати табиӣ бартараф карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 25.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 март, 50 нафар афсарону сарбозони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, беш аз 400 нафар волонтёрони ҷавон, зиёда аз 30 нафар миробҳо ва мутахассисони Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят ба маъракаи рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон пайвастанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.
Бо дастури Раиси вилояти Хатлон барои вусъат бахшидан ба корҳои бартарафсозӣ 4 тонна сӯзишворӣ ҷудо карда шуда, чаҳор адад мошини калони борбари “Дулан” барои кашонидани сангу шағал, 7 адад экскаватор, се адад мехлапатаи Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят ҷалб карда шудаанд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни боздиди худ аз деҳаи Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон сокинони маҳаллиро барои дар якҷоягӣ бо кормандони ниҳодҳои дахлдор аз лой тоза кардани заминҳои наздиҳавлигӣ даъват намуда, ба масъулон ҷиҳати тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, сохтани садд, тоза намудани қубурҳои обгузари зери кӯпрук ва расонидани кумакҳои лозимии беҳдоштӣ ба шаҳрвандони ниёзманд дастуру супоришҳо дод.
То нимаи якуми имрӯз манзили зист ва заминҳои наздиҳавлигии 246 нафар дар деҳаи Ҳалқаҷари Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ ва 73 ҳавлӣ дар деҳаи Пахтаободи Ҷамоати деҳоти “Ҳилолӣ”, инчунин муассисаи таълимии №24, варзишгоҳ, бунгоҳи тиббӣ, кӯчаву роҳравҳо, масҷид аз ҷониби мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон ва ноҳияи Хуросон дезинфексия карда шуданд.
Дар корҳои бартарафкунӣ қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии вилояти Хатлон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода иштирок доранд. ҳаҷми зарар муайян карда мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таваҷҷуҳи сокинонро ба тоза нигоҳ доштани ҷӯйҳо, каналҳо ҷалб намуда, таъкид кардааст, ки тоза нигоҳ доштани ҷӯю заҳбурҳо, каналҳо ва роҳҳои дигари обгузар, мустаҳкам нигоҳ доштани соҳили рӯдхонаҳо ва кӯлҳо, мустаҳкам кардани сарбандҳо шарти асосии эмин мондан аз хатари сел мебошад.
Мутахассисон ҳушдор медиҳанд, ки ҳангоми сохтани хонаҳои истиқоматӣ дар рустоҳо ҳатман барои муқобила бо сел чораандешӣ бояд шавад. Аз ҷумла, баландтар бардоштани девори бетонии таҳхонаҳо, баландтар кардани зербино аз бетон, то сел натавонад онро рахна кунад ва вориди ҳавлӣ шавад. Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ тавсия медиҳад, ки сокинон ҳангоми сохтани хонаҳои нав ҳатман ин ҷанбаҳоро ба назар гиранд, зеро дар кишвар минтақае вуҷуд надорад, ки аз хавфи омадани сел эмин бошад.
Хотиррасон менамоем, ки тибқи иттилои раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, дар натиҷаи боридани боронҳои пай дар пай ва омадани сели шоми 21 март дар деҳаи Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон ба 212 замини наздиҳавлигӣ ва иншоотҳои ёрирасони сокинони маҳаллӣ обу лойқа даромада, сокини ҳамин деҳа Мирзоқул Раҳмонқулови 59-сола ба ҳалокат расид.
Барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ худи ҳамон рӯз ҳайати шахсии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон бо шумораи 30 нафар ва 5 адад автомашинаи наҷотдиҳӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуданд.
ДАР АКСҲО: Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар деҳаи Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон; рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳия. Аксҳо аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.












Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ тақвият медиҳад
Бонки миллии Тоҷикистон: иттилои паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллӣ бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад
Дар Ишкошим зеристгоҳи барқии «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
Дар Панҷакент ҷаласаи Шуро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид
Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара дар 44 гектар ниҳолҳои пистаҳои хушкшуда барқарор гардид
Дар Тоҷикистон раванди ҷорӣ намудани низоми рамзгузории электронии молҳо амалӣ мегардад
Намоишгоҳи «Ихтироъкорон ва навоварони соҳаи нақлиёт» баргузор шуд
Бадахшон минтақаи дорои имконияти бузурги энергияи офтобӣ аст
Устувории иқтисоди миллӣ дар заминаи сиёсати пулию қарзӣ ва Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ. Андешаҳо дар ин маврид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон иқтидори энергияи бодӣ 1 926,35 МВт-ро ташкил медиҳад






