Дар шаҳри Роғун озмуни «Маликаи Наврӯз» баргузор гардид
РОҒУН, 19.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Маркази эҷодии кӯдакону наврасони шаҳри Роғун барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ даври якуми озмуни шаҳрии «Маликаи Наврӯз»-ро дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки 780 нафар ҷавондухтарон дар сатҳи баланд баргузор намуд.
Озмуни мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳунаромӯзии ҷавондухтарон гузаронида мешавад.
Тибқи шартҳои низомномаи озмун, гулдухтарони шаҳри Роғун ҳунару маҳорати баланди худро нишон доданд. Дар натиҷа ду нафар хонанда аз муассисаи таълимии №2- Дилнозаи Меҳроб ва аз мактаб-интернати бачагони болаёқат Фархунда Файзова ғолиб дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявии озмуни «Маликаи Наврӯз» роҳхат гирифтанд. Дар ин замина тамоми иштирокчиёни озмун бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Роғун Абдулмумин Худойдодов гуфт, ки бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дастпарварони Маркази эҷодии кӯдакону наврасони шаҳр бо ҳисси баланди ватандорӣ барномаи фарҳангӣ доир намуданд.
Инчунин бо мақсади муаррифӣ кардани осори илмию адабӣ ва фарҳангии тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамадунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр озмунҳои шаҳрии «Дониш ва ҳунар», «Наврӯз ҷашни ниёгони мост», «Наврӯз ҷаҳонӣ шуд» ва «Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад» баргузор карда шуданд, ки дар он хонандагони муассисаҳои таълимӣ фаъолона иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин марказ ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, ихтироъкорию навоварӣ ва рассомӣ ба хоҳишмандон пайваста омӯзонида мешаванд. Тибқи маълумоти директори Маркази эҷодии кӯдакону наврасони шаҳри Роғун Олимшо Ҷамилзода, имрӯзҳо омодагиҳои ин марказ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.








Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид






