Дар вилояти Суғд барои қонеъ намудани талаботи солонаи сокинон ба таври зарурӣ орду гандум ва дигар маҳсулоти зарурӣ захира гардидаанд

Март 6, 2020 10:22

ДУШАНБЕ, 06.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 5 март бо ташаббуси Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар бинои Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд бо иштироки масъулини Раёсати тандурустӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят нишасти хабарӣ-брифинг доир гардид. Нишасти мазкур дар робита ба ҳар гуна овозаҳо дар мавриди он ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Суғд чанд нафар бемори аз коронавирус сироятёфта ба қайд гирифта шудаанд ва дар ин замина ҳангомаҳо оид ба норасоии маводи мавриди ниёзи аввал ва баланд шудани нархи маҳсулот дар бозорҳои вилоят, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд, барпо шуд.

Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд Абдуаҳад Шарифзода, зимни брифинг аз ҷониби масъулини сохторҳои марбута ба намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба вазъи воқеии вилоят маълумоти муфассал дода шуд. Зикр гардид, ки мардуми вилоят, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд набояд ба ҳар гуна овозаву ҳангомаҳои беасос дода шаванд. Зеро имрӯз аз ҷониби давлату Ҳукумат ба хотири пешгирӣ намудани ин беморӣ ва таъмини солимии сокинони мамлакат тамоми тадбирҳои зарурӣ  андешида мешаванд. То имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ, аз ҷумла, вилояти Суғд низ  ягон нишонаи ин беморӣ ва ҳолати сироятёбии сокинон аз он,  ба қайд гирифта нашудааст.

Сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Умед Нуруллозода зикр намуд, ки ҳамаи он шаҳрвандоне, ки аз хориҷи мамлакат тавассути гузаргоҳҳо вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешаванд, сараввал аз назорати духтурони сироятшинос гузашта, сипас муддати 14 шабонарӯз таҳти назорати доимии духтурон қарор мегиранд.

Имрӯз дар миқёси вилоят 111 нафар дар карантин қарор дошта,  252 нафар шаҳрвандоне, ки аз хориҷа вориди вилоят гардида буданд, пас аз ба охир расидани муҳлати карантин ба макони зисти худ баргаштанд.

Муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Маъруфҷон Ҳоҷибоев баён дошт, ки имрӯз дар қаламрави вилоят қоидаҳои бехатарӣ ва пешгирӣ аз ин беморӣ пурзӯр карда шудаанд. Шаҳрвандонро танҳо зарур аст, ки ба қоидаҳои санитарӣ риоя намуда, аз чораҳои пешгирикунандаи ин вирус набояд дар ҳарос бошанд ва ба таҳлука низ наафтанд. Ҳоло дар тамоми гузаргоҳҳо, аз ҷумла дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан аз ҳисоби духтурон навбатдории шабонарӯзӣ ташкил гардида, ҳар нафари вориди вилоят мешуда сараввал аз назорати духтурон мегузарад.

Ҳамзамон 5 март раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал шахсан аз бозорҳои «Гулистон» ва «Панҷшанбе»-и маркази вилоят боздид намуда, бо мардум мулоқоти рӯ ба рӯ анҷом дод. Мавсуф гуфт, ки «пайдо шудани овозаҳои беасос сабаби ташвиши бархе афроди зудбовар гардида, ин ҳолатро иддае аз ҳаннотон ба манфиати худ истифода бурда истодаанд. Аз ин лиҳоз, ин овозаҳо ягон асоси воқеӣ надошта, имрӯз дар вилояти Суғд барои қонеъ намудани талаботи солонаи сокинон ба таври зарурӣ орду гандум ва дигар маҳсулоти зарурӣ захира гардидаанд. Илова бар ин ҳамарӯза садҳо тонна гандум аз хориҷи мамлакат ворид гардида, онҳо дар 30 корхонаи ордбарорӣ  коркард  мешаванд».

Ба намояндагони сохторҳои дахлдор, роҳбарияти бозор ва соҳибкорон дастур дода шуд, ки барои пешгирии беасоси болоравии нархҳои маҳсулоти мавриди ниёзи аввал чораҷӯӣ карда, барои муътадил нигоҳ доштани вазъи бозор тадбирҳои зарурӣ андешанд. Инчунин ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба манфиати кор дониста шуд.

Март 6, 2020 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид