ДОВТАЛАБ-2020. Марҳалаи асосии бақайдгирӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз гардид

Март 2, 2020 15:55

ДУШАНБЕ, 02.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 2 март марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2020 оғоз намуд, ки то 15 апрел идома меёбад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Маркази миллии тестӣ иттилоъ доданд, барои аз қайд гузаштани хоҳишмандон дар 33 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ 38 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ташкил гардидааст.

Бо фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  4 феврали соли 2020 дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода шуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, хоҳишмандон метавонанд дар ҳар кадоме аз нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои интихобгардидаи ҷумҳурӣ, ки дар ин рӯйхат мавҷуданд, худро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2020 сабти ном намоянд. Мувофиқи тартиби муқарраргардида, бақайдгирӣ бо ҳузури ҳатмии шахсони довталаб сурат мегирад.

Дар ин муддат хоҳишмандоне, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои иштирок дар ИМД ҳуқуқ доранд, новобаста аз ин ки кадом муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбиро интихоб кардан мехоҳанд, метавонанд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд.

Довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, синфи 11-ум, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро дар доираи нақшаи қабули донишҷӯён бо дарназардошти муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи ҳамаи шаклҳо рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ ва намудҳои таҳсил ройгону пулакӣ интихоб карда метавонанд. Довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ синфи 9-ум ҳам намуди таҳсили ройгон ва ҳам пулакӣ ва аз рӯйи шакли таҳсил танҳо рӯзонаашро интихоб карда метавонанд.

Ҳамчунин довталаб дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ) ва маконҳои имтиҳонсупориро ихтиёран муайян мекунад.

Тавре манбаъ зикр намуд, ҳангоми бақайдгирӣ дар интихоби ихтисосҳое, ки таълими онҳо дар муассисаи таълимӣ ба якчанд забон аст, довталаб забони таҳсилро мушаххас интихоб карда наметавонад.

Бояд зикр намуд, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар ИМД ихтиёрист, вале таҳсилоти миёна ё олии касбӣ ба ҳар як шахс дар ҷаҳони муосир барои соҳибмаълумоту соҳибкасб гардидан, пайдо кардани ҷойи кори мувофиқ ва мақоми арзанда дар ҷамъият муҳим аст.

Барои донишҷӯ гардидан довталабон бояд танҳо ба донишу малакаи худ такя кунанд ва вақту муҳлати боқимондаро то оғози имтиҳонҳо бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Марказ ва азхудкунии барномаҳои таълимии мактабӣ самаранок истифода кунанд. Барои омодагии ҳадафманди ҳар довталаб ба ИМД-2020, аз ҷумла истифодаи маҷмӯаи саволу масъалаҳо аз фанҳои имтиҳонии таҳия ва нашркардаи Марказ ва хизматрасонии «Худро бисанҷ» кумак мерасонад.

Март 2, 2020 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд