Хатлон: барои муҳаққиқони соҳаи табиатшиносӣ, илмҳои дақиқ ва риёзӣ аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ ҷоиза муқарар гардид

Март 22, 2020 09:30

ДУШАНБЕ, 22.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии кормандони соҳаҳои илму маориф, эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои кормандони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон, ки дар соҳаи табиатшиносӣ, илмҳои дақиқ ва риёзӣ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ мекунанд, аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Ҷоизаи мазкур барои устодону олимон, аспиранту докторантон ва унвонҷӯёну муҳаққиқони эҷодкори муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии ҳудуди вилояти Хатлон, ки 5 соли охир дар муассисаҳои соҳаҳои илму маорифи вилоят фаъолият намуда, рисолаҳои илмӣ ҳимоя кардаанд, пешбинӣ гардидааст.

Ҳаҷми мукофотпулӣ барои дифои рисолаи номзадӣ 5 ҳазор сомонӣ ва барои дифои рисолаи докторӣ 10 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ маорифпарварӣ яке аз самтҳои меҳварии давлатдории мо буда, солҳои охир ба рушди илму маориф, омӯзиши техника ва технологияҳои нав ва тақвияти неруҳои зеҳнӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 март дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат доир ба омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ибрози андеша намуда, баҳри расидан ба ин ҳадафи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» як зумра пешниҳодҳои судманд манзур намуданд.

Сарвари давлат ба роҳбарони вазоратҳои молия, маориф ва илм супориш доданд, ки барои аз 1 сентябри соли 2021 зиёд намудани музди меҳнати омӯзгорони фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар имтиёзҳо барои омӯзгорони чунин муассисаҳо, бахусус, омӯзгорони ҷавон ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намоянд.

«Дар баробари ин, устодоне, ки шогирдони онҳо дар озмунҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ аз ин фанҳо ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз лиҳози моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣ карда шаванд. Инчунин олимоне, ки ихтирооташон дар истеҳсолоти ватанӣ ҷорӣ мешаванд, ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод карда шаванд»,- зикр намуданд Президенти мамлакат.

Неруи инсонӣ барои ҳар давлат омили калидии рушд аст, аз ин рӯ барои расидан ба муваффақиятҳои илмию техникӣ бояд ҳанӯз аз давраи мактаб замина гузошта шавад. Барои тарбияи насли наврас дар ин давра  омӯзгорон нақши асосӣ доранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати баланд бардоштани сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъкид карда, як зумра вазифаҳое ба миён гузоштаанд, ки барои ҷомеаи мо, махсусан, дар шароити имрӯз ва дар иртибот ба дигаргуниҳои бунёдии фардои мамлакат аҳамияти ниҳоят муҳим доранд.

Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон ба муҳаққиқони илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳамасола дар вазъияти тантанавӣ тақдим хоҳад шуд.

Март 22, 2020 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид