ҚИССАИ ЭЗОП ДАР БОРАИ ЗАБОН. Ба Рӯзи умумиҷаҳонии театр бахшида мешавад

Март 27, 2020 11:03

ДУШАНБЕ, 27.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 март, Рӯзи умумиҷаҳонии театр (англ. World Theatre Day) таҷлил мегардад ва аз рӯи анъана ҳар сол зери шиори «Театр чун василаи ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳкими дӯстии байни халқҳо» гузаронида мешавад. Ин иди касбии ҳамаи кормандони – ҳам ҳунармандон, ҳам коргардонҳо, ҳам равшанидиҳандагону пардозгарон ва ҳатто билетфурӯшу либоснигаҳдорандагон  (гардеробчиҳо) маҳсуб меёбад. Беҳуда коргардони бузурги рус  Константин Станиславский нафармудааст: «Театр аз либосовезак  шуруъ мешавад, зеро маҳз либоснигоҳдорандагон аввалин шуда, тамошобинонро истиқбол мегиранд…».   

…Соли 1966 Ҳошим Гадоев Донишкадаи давлатии умумииттифоқии  фарҳанг (ВГИК)-и  Москваро хатм карда,  ба Душанбе омад ва ҷиддӣ аз паи кор шуд. Ӯ он вақт ҳамагӣ 29-сола буд. Пас аз чаҳор сол, аллакай соли 1970  ӯ спектакли «Эзоп»-ро аз рӯи асари  драмнависи бразилӣ Гилйерме ди Оливейра Фигейредо «Рӯбоҳ ва ангур»,  баъди  чанд соли дигар «Шоҳ Эдип»-и дрмнависи юнонӣ Софоклро  рӯи саҳна  овард. Ва барои ин шоҳкориҳои худ дар саҳнаи театр  заҳмати ӯ чун коргардони  барҷаста   бо   мукофотҳои  баландтарини Тоҷикистон ва  собиқ СССР  қадрдонӣ карда шудааст.

Ӯ соли 1979 сазовори унвони   Артисти халқии Тоҷикистон ва Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ гардид. Соли 1987 ба  дарёфти Мукофоти давлатии СССР ва соли 1988 ба  гирифтани  унвони фахрии Артисти халқии СССР  шарафёб  шуд. Ҳошим Гадоев инчунин дорандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Анаҳита(1995) мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷкмҳурии Тоҷикистон  10 майи майи соли 2017, дар рӯзи таваалуди Ҳошим Гадоев  ва ба муносибати ба синни  80-солагӣ расиданаш   ба ӯ   барои офаридани спектаклҳо ва асарҳои баладмазмун ва хизматҳояш дар тайёр ва тарбия намудани кадрҳои соҳаи театр ва кино  унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон» дода шуд. Шаҳодатнома ва нишони  ин унвони баландро ба ҳунарманди маъруф Пешвои миллат  шахсан супориданд…

Ёд дорам, «Эзоп» ва «Шоҳ Эдип»,  агар ба забони худи юнониҳо гӯем,  «триумф» (маросими истиқболи ғолибонро дар Рими Қадим ҳамин тавр  меномидаанд)  ба вуҷуд оварданд, аз ҷониби мутахассисони театри шуравӣ, аз ҷумла коргардони театр ва синамо Сергей Бондарчук, сарвари Иттиҳоди ходимони театрии СССР Кирилл Лавров ва дигарон аз экрани Телевизиони Марказӣ, аз саҳифаи рӯзномаҳои бонуфузи «Правда», «Известия», «Советская культура» ва ғайра  музаффарияти беназири  театри на танҳо тоҷик, балки шӯравӣ арзёбӣ гардиданд.

Имрӯз, ки Рӯзи умумиҷаҳонии театр аст, беихтиёр ёди он рӯзҳоро мекунем, ки чӣ тавр зали театрҳои мо чи дар Душанбе ва чи дар минтақаҳо ба шарофати асарҳо ва нақшҳои офаридаи Ҳошим Гадоев ва дигар арбобони театри тоҷик моломоли тамошобин буданд,  мо — донишҷӯёни он солҳо —   дар назди кассаҳо навбат меистодем, то ки чипта дарёфт намоем.

Ва баъди ҳар намоиш дар долонҳои театр, дар чойхонаву тарабхонаҳо ва маҷолису маҳофили гуногун роҷеъ  ба ин ё он спектакл муколамаву мубоҳасаҳои   эҷодӣ   меоростем.

Оё намешавад он фазои фарҳангӣ ва эҷодиро имрӯз аз нав  ба вуҷуд оварем, то ки китобхонаҳо аз хонандагон ва театрҳо аз тамошоюбинон пур гарданд ва ҷои нишаст намонад ва одамон барои дидани ин ё он спектакл чипта   ҷустуҷӯ кунанд?

Ба ин суол чанд сол пеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистогн, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар мулоқот бо зиёиёни эҷодкор ҷавоби саҳеҳ ва равшан доданд: албатта имрӯз низ мешавад тамошобину хонандаро ба театр ва киттобхонаҳо ҷалб кард. Барои ин бояд асарҳои ҷолиб, марғуб ва баландмазмун офарида шаванд, чуноне ки ин корро дар вақташ устодон Айниву Лоҳутӣ, Турсунзодаю Ҷалол Икромӣ, Лоиқу Бозор ва дигарон  карда буданд. Чуноне ин корро ҳунармандони чирадасте чун Ҳошим Гадоев ба ҷо оварда буданд!..

ДАР АКСҲО: (аз рост ба чап) Ҳошим Гадоев пас аз гирифтани Мукофоти давлатии СССР дар Москва соли 1987 ва пас аз 30 сол, ҳангоми ба ӯ супоридани унвони Арбоби ҳунари Тоҷикистон дар соли 2017. Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар».

Бале, мешавад. Маҳз бо ҳамин мақсад ҳар сол Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаҳои фарҳангу адабиёт маблағҳои зиёд ҷудо менамояд. Маҳз бо ҳамин умед ҳар сол Сарвари давлат дар арафаи ҷашни Наврӯз бо аҳли зиё мулоқот ва машварат мекунанд…

Имрӯз Рӯзи умумиҷаҳонии театр аст ва беихтиёр аз устодони саҳнаи театр ва асарҳои машҳури офаридаи  онҳо ёд мекунем, аз асарҳое, ки касро бо хондану диданашон ба андеша водор месозанд. Театр – ин андеша аст, андеша дар бораи гузашта ва имрӯзаи худ, дар бораи зиндагӣ ва моҳияти он…

                                                                                    Саидалӣ СИДДИҚ,
                                                                         директори АМИТ «Ховар»

Дар зер мо лаҳзаеро аз спектакли «Эзоп» ёдовар мешавем, ки онро хабарнигори АМИТ «Ховар» Шукуҳи ДАЛЕР ба чоп ҳозир намудааст ва умедворнем хонандаро ба андеша хоҳад водошт.  

Хотиррасон мешавем, ки Эзоп шоири масалнависи Юнони Қадим будааст, ки аз рӯи ривоятҳо дар қарни 6-уми то замони мо зистааст ва то имрӯз  зиндагиномаи ӯ  норавшан аст. Мегӯянду менависанд, ки ӯ як нафар  бардае (ғуломе) будааст, ки ҳамеша  аз ҷониби бардагони  дигар таъқибу тазйиқ мешудааст ва охируламр аз банди ғуломӣ озод гашта, вале аз ҷониби делфийҳо (сонинони шаҳри ҳамноми Юнони бостонӣ) кушта шудааст. Эзоп хеле донову ҳушёр будааст ва ҳамеша бар бадиҳо бо ақли солим посух медодааст.

Ва, инак…

 ҚИССАИ ЭЗОП ДАР БОРАИ ЗАБОН

Масалнависи машҳури Юнони Қадим Эзоп  таҳти бардагии  файласуфи сарватманд Ксанф қарор дошт. Рӯзе Ксанф аз ӯ хост барои меҳмононаш беҳтарин таом омода намояд. Эзоп аз бозор забон харида,  аз он се навъ хӯрок  таҳия  кард.

Ксанф аз ӯ пурсон мешавад, ки чаро танҳо забон харидааст. Эзоп мегӯяд, ки ту фармудӣ, то беҳтаринро харидорӣ кунам ва чӣ чизе беҳтар аз забон буда метавонад?!.

Маҳз бо ёрии забон шаҳрҳо бунёд мегарданд, фарҳанги мардум рушд мекунад.

Бо кумаки забон  мо илм ва дониш меомӯзем. Одамон бо якдигар суҳбат мекунанд. Ба саволу масъалаҳои гуногуни якдигар ҷавоб мегӯянд, узр мепурсанд, аҳволпурсӣ мекунанд, медиҳанд, мегиранд, хоҳиш иҷро мекунанд, хушбахтӣ ва муҳаббат изҳор  менамоянд.

Аз ин хотир, фикр кардам, ки  чизе беҳтар аз забон буда наметавонад.

Чунин мулоҳиза ба Ксанф  ва меҳмонҳояш писанд омад.

Маротибаи дуюм Ксанф фармуд, ки Эзоп се хӯроки бадтарин омода намояд.

Эзоп  боз ҳам забон харид ва аз он се навъ хурок омода кард. Ҳама дар тааҷҷуб афтоданд. Он вақт Эзоп ба Ксанф чунин фаҳмонид:

«Ту ба ман фармудӣ, ки аз ҳама бадтарашро биёрам. Пас дар дунё бадтар аз забон чист?

Бо забон одамон якдигарро ғамгину озурда  месозанд, дурӯягӣ мекунанд, дурӯғ мегӯянд, ҷангу ҷидол  мекунанд.

Забон метавонад одамонро бо ҳам душман гардоннад. Забон фармон медиҳад, ки шаҳрҳо хароб карда ва ҳатто давлатҳо барҳам дода шаванд. Вай метавонад ба ҳаёти  инсонҳо бадбахтӣ ва бадӣ орад, шаъну шарафи  онҳоро паст занад.

Пас метавонад чизе бадтар аз забон бошад?

Март 27, 2020 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ёдгории бостонии «Тахти Шоҳӣ» бозгӯи он аст, ки ин мавзеъ аз қадим макони зисти тоҷикон будааст
7 МАЙ — РӮЗИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ ТАМОМИ СОҲАҲОИ АЛОҚА. Ислоҳот дар соҳаи алоқа бо маром идома дорад
РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Ба ифтихори ин шоҳасари мусиқӣ Фестивал-симпозиуми байналмилалӣ доир мегардад
АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон мебошад
Қаҳрамонони мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam-2024» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
Дар Тоҷикистон марҳилаи нави корҳои бостоншиносӣ оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали мӯд баргузор гардид
«ДИЛНАВИШТА». Таҳти чунин унвон маҳфили эҷодии Ибодулло Машраб баргузор гардид
«ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ ёфт
«МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАВОМДИҲАНДАИ НАЗМИ ҲАЗОРСОЛАИ ХАЛҚИ ТОҶИК МЕБОШАД». Андешаҳои адибони бузург дар васфи шоир
Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ОН ҚАДАР ДАР ДИЛПИСАНДӢ ДИЛПИСАНД АСТӢ, ВАТАН…». Имрӯз зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода аст