КОРОНАВИРУС ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Имрӯз дар Қазоқистон вазъияти фавқулода ва маҳдудият барои гузариши сарҳад ҷорӣ карда шуд

Март 16, 2020 11:39

ДУШАНБЕ, 16.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Маҳдудиятҳо барои вуруд ва хуруҷ аз Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар доираи вазъияти фавқулодаи бинобар коронавирус 16 март ҷоригардида пешбинӣ шудаанд, нисбат ба шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ ва хориҷиён татбиқ карда мешаванд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи якшанбе хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон иттилоъ дод.

«Дар робита ба ҷорӣ гардидани вазъияти фавқулода дар Ҷумҳурии Қазоқистон аз соати 8:00-и 16 марти соли 2020, дар давраи амали он тадбирҳои зерин андешида мешаванд: зимни амали вазъияти фавқулода ба вуруд ва хуруҷ тавассути сарҳади давлатӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон ва хориҷиён маҳдудият ҷорӣ карда мешавад», — зикр менамояд хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.

Аз ҷумла, мақомоти Қазоқистон тасмим гирифтанд, ки рафту омади сокинони маҳаллиро тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Қазоқистону Россия боздоранд.

Илова бар ин, ҳамаи хориҷиёни хоҳишманде, ки қаблан ба Қазоқистон ворид шудаанд, метавонанд онро тарк намоянд. Ҳамчунин кормандони хадамоти дипломатии Қазоқистон ва давлатҳои хориҷӣ ва аъзои оилаи онҳо, инчунин аъзои ҳайатҳои давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки бо даъвати Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ба ин кишвар сафар мекунанд, метавонанд аз сарҳад гузаранд.

Ин истисноҳо инчунин ба аъзои бригадаҳои қатораҳо ва локомотивҳо, ҳайати сарнишинони ҳавопаймо ва киштиҳо; ҳайати хидматрасонии иншооти фаросарҳадии хориҷӣ дар қаламрави Қазоқистон ва кормандони хадамоти иншооти фаросарҳадии Қазоқистон дар қаламрави давлатҳои ҳамсоя; хориҷиёне, ки бо қатораҳои мусофирбари транзитӣ ҳаракат доранд, то ҷорӣ намудани маҳдудият (то соати 8:00 16 марти соли 2020) ба сафар баромадаанд ва дар роҳанд; хориҷиён (шахсони бешаҳрвандӣ)-е, ки дар Қазоқистон барои истиқомат иҷозат доранд; хориҷиёне, ки аъзои оилаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ (ҳамсар, падару модар ва фарзандони онҳо) мебошанд, дахл доранд.

Ғайр аз ин, хадамоти матбуоти ВКХ Қазоқистон тавзеҳ дод, ки гузариши сокинони маҳаллӣ тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Россия «ба истиснои ҳолатҳои муроҷиати шаҳрвандони тарафҳо барои ёрии таъҷилӣ» манъ карда мешавад.

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев рӯзи якшанбе дар бораи аз 16 март то 15 апрел дар кишвар ҷорӣ намудани вазъияти фавқулода фармон имзо кард. Мақомоти Қазоқистон маҷбур шуданд, ки дар робита ба пандемияи ин беморӣ ин гуна тадбирҳо андешанд. Гузашта аз ин, дар Қазоқистон, ки дар он аввалин ҳолати сироятёбӣ 13 март ба қайд гирифта шуда буд, тибқи маълумоти охир, нуҳ нафар мубталои ин беморӣ гардидаанд.

Март 16, 2020 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»

Маводҳои таҳлилӣ