«МИЗИ МУДАВВАР» ДАР АМИТ «ХОВАР»: Ҳамкории марказҳои матбуотӣ бо ВАО дар асри иттилоот ва технологияҳои нав бояд тақвият ёбад

Март 31, 2020 14:55

ДУШАНБЕ, 31.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Иттилоот дар  қарни  21 ба маcоили  рақами як табдил ёфта, дар рушду пешрафти соҳаҳои мухталиф, таъмини амният ва суботу осоиштагии ҷомеаи байналмилалӣ нақши калидӣ мебозад. Ин нукта дар ҳамоиши атрофии «мизи мудаввар», ки  имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Ҳамкории марказҳои матбуотӣ бо ВАО: имконият, воқеият ва дурнамо» доир шуд, зикр гардид.

Ҳамоиши  мазкур бо ибтикори Агентии миллии  иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар ҳамкорӣ бо Академияи ВАО ва Иттифоқи  журналистони Тоҷикистон созмон дода шуд.  Ҳадафи ин ҳамоиш  тақвияти ҳамкории марказҳои матуботии вазорату идораҳои мамлакат бо   воситаҳои ахбори омма ҷиҳати дастрас намудани иттилоот ва фаъолгардонии кори ин марказҳо мебошад.

Дар ҳамоиш  мудири  бахши иттилоот  ва таҳлили Раёсати  илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Сафарзода, директори  АМИТ «Ховар» Саидалӣ  Сиддиқ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  Зинатуллоҳ  Исмоилзода,  муовини аввали директори АМИТ «Ховар» Рухсора Нурзода, муовини директори АМИТ «Ховар» Қаноатулло Сайфуллоев,  мудири шуъбаи  нашриявии Академияи ВАО Моҳпора Маҳмадиева ва сардорони марказҳои матбуотии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ доир ба тақвияти ҳамкорӣ байни воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла АМИТ «Ховар» бо хадамоти матбуоти вазорату идораҳои давлатӣ ибрози назар намуданд.

Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ВАО дар мамлакат таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи реклама», “Дар бораи иттилоот”,  «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи сири давлатӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», Стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон      ва   санадҳои дигари  меъёрию ҳуқуқӣ барои фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма  шароити мусоид  фароҳам оварданд. Ин  мавқеи ВАО-ро дар ҷомеа, ки ба ҳайси ҳокимияти чорум эътироф шудааст, беш аз пеш баланд мегардонад.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аз соли  2011 дар як сол ду маротиба дар вазорату идораҳои мамлакат  бо ҳузури намояндагони ВАО  нишастҳои матбуотӣ гузаронида мешаванд, ки дар он роҳбарони  аввали вазорату идораҳои давлатӣ доир ба фаъолияти мақомоташон гузориш пешниҳод намуда, ба саволҳои  намояндагони ВАО посух медиҳанд.

Зикр гардид, ки  тибқи  протоколи №7-и маҷлиси Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 30 июни соли  2015 нашру пахши тамоми хабарҳои расмӣ, маводҳои вобаста ба маҷлисҳои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарҳои кории  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохил ва ба хориҷи мамлакат, маҷлисҳо, вохӯриҳо  ва ҷамъомадҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва соҳавии дахлдор  бояд тавассути АМИТ «Ховар» ба роҳ монда шуда, баъдан  барои пахши барнома ё иттилоот  ба дигар ВАО  аз ҷониби АМИТ «Ховар»  ирсол карда шаванд.

Дар ин замина таъкид гардид, ки ҷиҳати  иҷрои санади мазкур баъзе аз  вазорату идораҳои мамлакат  саҳлангорӣ зоҳир менамоянд ё худ ба назар чунин менамояд, ки нусхаи протоколи №7- и маҷлиси Ҳукумати мамлакат  аз 30 июни соли 2015 миёни дафтарҳои санадҳои воридотии баъзе вазорату идораҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ супорида шудааст.

Аз ин рӯ, гуфта шуд, ки бояд ҳамкории марказҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ  бо ВАО, бахусус бо АМИТ «Ховар» дар масъалаи дастрасӣ ба иттилои муътамад ва саривақтӣ  тақвият дода шуда, роҳбарону масъулони марказҳои матбуотӣ  дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ,  баланд бардоштани нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, дастрас намудани ҷомеа бо иттилои саҳеҳ ва асосноку фаврӣ,  таъмини амнияти итилоотӣ дар шароити пуртазоди ҷомеаи байналмилалӣ масъулияти баланд дарк намоянд.

Зеро вақте ки фазои иттилоотии  мамлакат холӣ монд, онро иттилои  беасосу бепоя пур менамояд, ки баъзан  боиси сар задани ҳар гуна овозаҳои беасос ва бардурӯғ миёни аҳолӣ гардида, оқибатҳои нохуш ба бор меорад. Дар ин росто, зикр шуд, ки пешниҳоди иттилои амиқу дақиқ ба ҷомеа, ки аз рисолати асосии ВАО мебошад, дар ҳамкорӣ бо марказҳои матбуоти вазорату идораҳои мамлакат амалӣ карда мешавад.

Ҳамзамон дар ҳамоиш пешниҳод гардид, ки  мувофиқи мақсад ва ба фоидаи кор мебуд агар дониш ва касбияти  сардорон ва кормандони эҷодию техникии марказҳои матбуотии вазорату идораҳои  мамлакат баланд бардошта шуда, дар сохтори вазорату идораҳо   барои сардорони марказҳои матбуотӣ воҳиди корӣ ҷудо  карда шавад.

Тавре мудири шуъбаи нашриявии Академияи ВАО Моҳпора Маҳмадиева дар ҳамоиш оид ба натиҷаи пурсише, ки миёни 30 корманди марказҳои матбуотӣ гузаронида шудааст, изҳор дошт, дар марказҳои матбуотии вазорату идораҳои мамлакат 180 нафар фаъолият мекунанд, ки аз ин 112 нафар ҳайати эҷодӣ ва 68 нафари дигарро кормандони техникӣ ташкил медиҳанд. Роҳбарии 19 маркази матбуотиро мардон ва 11 маркази дигарро  занон ба уҳда дошта, синни онҳо аз 25 то 55-сола ва собиқаи кориашон аз 5 то 20 сол мебошад.

Корманди Академияи ВАО иброз  намуд, ки бинобар натиҷаҳои назарсанҷии зикршуда 11 нафар кормандони марказҳои матбуотӣ дар дохили ҷумҳурӣ  такмили ихтисос намудаанд, 4 нафари дигар дар хориҷ аз Тоҷикистон ва 2 нафар дар Академияи ВАО бозомӯзӣ намудаанд. 13 нафар кормандони марказҳои матбуотӣ умуман аз такмили ихтисос нагузаштаанд. Аз ин рӯ, кормандони марказҳои матбуотии вазорату идораҳои мамлакат  ниёз ба такмили ихтисос ва баланд бардоштани донишҳои соҳавии худ доранд.

Инчунин гуфта шуд, ки  17 маркази матбуоти вазорату идораҳо нашрияи худро дошта, 11 вазорату мақомот дар шабакаҳои телевизионӣ барнома пахш менамоянд. 19 маркази дигар барномаҳои телевизионӣ надоранд. Дар мавриди барномаҳои радиоӣ 4 маркази матбуотӣ барномаи радиоӣ омода ва пахш мекунанд. 26 маркази матбуотӣ чунин барномаҳо надоранд. Дар мавриди таъминоти техникии марказҳои матбуотӣ гуфта шуд, ки 19 маркази матбуотӣ бо камераҳо таъмин буда, 5-тои онҳо дорои студияҳо ва дастгоҳҳои сабти овоз ва аксбардорӣ мебошанд. 28 вазорату идора сомонаи интернетии худро дошта, 2 адади он сомона надоранд.

Дар ҳамоиш ҳамзамон доир ба рафъи камбудию норасоиҳое, ки  дар фаъолияти марказҳои матбуотии вазорату идораҳо ҷой доранд, таҳкими ҳамкории марказҳои матбуотӣ бо ВАО, натиҷаҳои нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо табодули назар сурат гирифта, пешниҳодҳои судманд баён карда шуданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Март 31, 2020 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид