МУҲАНДИСИ РӮҲИ ОДАМИЗОД. Ба Рӯзи байналмилалии нависанда бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 03.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи байналмилалии нависанда амалан дар тамоми кишварҳои олам 3 март таҷлил мешавад. Унвони пурраи ин ид Рӯзи байналмилалии сулҳ барои нависанда буда, он дар конгресси байналмиллалии ПЕН – клуб, ки аз 12 то 18 январи соли 1986 гузаронида шуда буд, таъсис ёфтааст.
ПЕН – клуб соли 1921 дар Лондон бунёд гардида, номи он аз се ҳарфи аввали алифбои англист, ки дар айни замон ҳарфҳои нахустини вожаҳои шоир, очеркист ва романистро дар англисӣ ба ҳам меорад. Аҷиб ин аст, ки худи вожаи пен дар анлисӣ маънои қаламро дорад.
Ғояи таъсиси ин ташкилот ба нависандазани англис Кетрин Эми Доусон – Скот тааллуқ дошта, президенти аввалини он нависандаи машҳур Ҷон Голсуорсӣ мебошад.
Мақсад ва ҳадафи таъсиси ин рӯзи байналмилалӣ «ҳимояи принсипҳои озодии ахбор дар дохили ҳар кишвар ва дар мобайни ҳама мамлакатҳост». Аъзои он вазифадор мешаванд ба муқобили фишори озодии сухан дар ҳама шаклҳои зуҳуроташ дар он кишварҳое мубориза баранд, ки мутааллиқи он ҳастанд ва ҳамчунин дар тамоми дунё, агар ин ба онҳо даст диҳад.
Аъзои ПЕН- клуб вазифадор шудаанд, ки ба муқобили чунин зуҳуроти номатлуб мисли интишори маводи дурӯғин, ғалатандозии мақсаднок, таҳрифоти далелу рақамҳо ва истифодаҳои ғаразнок ба манфиатҳои сиёсӣ, гурӯҳӣ ва шахсӣ мубориза баранд.
Дар бораи мақоми нависанда дар ҷомеаи имрӯзаи мо — мулоҳизаҳои адиби маъруф Камол НАСРУЛЛО.
Дар сарзамини куҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷикон сухан ҳамеша арҷи баланд ва мақоми хосса дошта,ба суханварони асил эҳтиром ва эътирофи баландтарин зоҳир карда мешуд, то ҷойе, ки бузургони мо пас аз анбиё мақоми нахустинро ба онҳо сазовор донистааанд. Аз ҷумла, Ҳаким Низомӣ фармудааст:
Пешу паси боргаҳи кибриё
Пас шуаро омаду пеш анбиё.
Ин ду назар марҳами як дӯстанд,
Ин ду чу мағз, он дигарон пӯстанд…
Ё Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтааст:
Сухан аз арши барин омадааст,
Баҳри покон ба замин омадааст,
Нест дар кон гуҳаре беҳтар аз ин
Ё дар имкон ҳунаре беҳтар аз ин.
Ин аст, ки миллати соҳибтамаддуни мо арҷи баландтаринро ба китоб гузоштааст ва китоб дар сафи муқаддасоти миллии мо ҳамеша мақоми баланд дорад, то ҷойе, ки тоҷикон то имрӯз дар зери болини тифлон бо ихлос китоб мегузоранд.
Пас аз шарафёб шудан ба Истиқлолияти давлатии худ миллати шарафманди мо дар ҷодаи эҳёи дубора ва дар пайи барқарор кардану созмон додани маънавиёти баланди хеш аст, ки пояи онро гузаштагони соҳибмаърифати мо гузоштаанд.
Имрӯз Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо адабиёти бадеӣ, нависандагону аҳли қалам муносибати хайрхоҳонаву некбинона доранд. Теъдоди адибон ва журналистони ватанӣ дар созмонҳои ҷамъиятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи журналистон ва дигар ташкилотҳо садҳо нафарро ташкил медиҳанд, ки ҳама аз ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллатамон бархурдоранд. Адибони тоҷик бо тақозои виҷдон ва дар ҷавоби ин дастгириҳо аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии мамлакат дар сафи пеши бунёдкорони Истиқлолияти давлатӣ ва ҳаракатҳои Ваҳдати миллӣ қадам гузошта, дар бунёд ва эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлол, худшиносии миллӣ ва шинохти ҳувияту таърихи халқамон саҳми бориз мегузоранд.
Мулоқоти ҳамасолаи Пешвои миллатамон бо аҳли зиёи мамлакат, интишори пайвастаи китобҳои адибон аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чандин сол идома дорад ва шарофати он на танҳо осори классикони адабиётамон, балки маҳсули эҷоди адибони муосир низ дастраси доираи васеи хонандагон мегардад; таъсиси озмунҳои мухталиф барои дастгирӣ аз эҷодкорон ва китобхониву интишороти китоб; таҷлил ва бузургдошти адибони маъруфи гузаштаву имрӯза… инҳо ҳама далели сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Чунин муносибат аз аҳли қалам, хусусан аз адибони тоҷик тақозо мекунад, ки дар ин замони хеле масъулиятталаби эҳёи навини меҳан ва даврони мураккаб ва нозуку ҳассос барои ҷомеаи байналмиллалӣ беш аз ҳарвақта масъулият ва расолати таърихию адабии худро дарк намоянд.
Адиби имрӯз, ки онро бузургони адабиёт “муҳандиси рӯҳи одамизод”, “виҷдони халқ” номидаанд, вазифадор аст дар парвариши волотарин рӯҳия, хислатҳои наҷиб ва масъулияти баланди ватандӯстӣ саҳми боризи худро гузорад, зеро ин рисолати касбии ӯст, ин амри виҷдон ва тақозои халқу Ватан аст.
Имрӯзҳо ширкати фаъолонаи мардум дар намоишгоҳи фурӯши китобҳо, ки пайваста чандин моҳ инҷониб аз ҷониби муассисаи нашриявии “Адиб” ба роҳ монда шудааст, гувоҳи бедории маънавии халқи мо дар замони соҳибистиқлолӣ, бозгашт ба асолати таърихии худ, ба сарчашмаи фарҳангу дониш, яъне китоб мебошад. Ин ҳама бори дигар аз мавқеи нависанда ва китоб дар рӯзгори халқи тамаддунпарвари мо дар замони соҳибистиқлолӣ шаҳодат медиҳад.
Дар ин росто метавон аз нависандагони тоҷик умедвор ва интизори асарҳои баландғоя ва баландпояе буд, ки ҷавобгӯи талаботи баланди бадеии замон бошанд. Эҷоди чунин асарҳо бояд амри виҷдон ва посух ба бедории миллии халқамон, посух ба муҳаббати мардум нисбат ба китоб ва дастгирию ғамхории беназири Давлату Ҳукумат ва Пешвои фарҳангпарварамон бошанд.
Ҷамъомадҳои адабие, ки бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки адибон бунёд гардида буданд, ҳар яке чун як иди кӯчаки фарҳангии мо бо шукӯҳу шаҳомати хосса гузаштаву истиқбол ёфтанд. Мулоқоту маҳфилҳои алоҳидаи адибони тоҷик дар толорҳои бузурги мамлакат, ки пуропури ҳаводори сухани бадеъ буданд ва аслан ҳар мулоқоту ҷамъомаде, ки бо иштироки адибон дар гӯшаву канори мухталифи мамлакат гузаронида мешаванду аз ҷониби мардум, хусусан наврасону ҷавонон хеле хуш истиқбол меёбанд, гувоҳи маҳбубияти хонандагон нисбат ба адибони ватанӣ ва умедворӣ аз комёбиҳои эҷодии онҳост.
Аз ин рӯ сарзамини тоҷикон, ки мазҳар ва зодгоҳи бузургони суханвару нобиғагони адабиёт будааст, имрӯз низ бояд сарзамини эҷодкорону нависандагони шоистаи диёр бошад. Беҳуда нест, ки халқи тоҷикро халқи бадоҳатан шоир меноманд. Имрӯз мо мебинем, ки ба шарофати озмунҳои “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ” теъдоди зиёди наврасони соҳибзавқу баистеъдод дар тамоми шаҳру деҳоти мамлакат, ҳатто дар дурдасттарин гӯшаҳои он рӯи саҳна меоянд. Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳамроҳ кардани номинатсияи “шоирӣ” имкон медиҳад чунин наврасону ҷавонони боистеъдод ба адабиёт ҷалб шаванд ва барои ворид шудани онҳо ба майдони сухан пайроҳаи бемонеа боз гардад.
Аз ин рӯ метавон гуфт, ки таҷлили Рӯзи байналмилалии нависанда, ки имрӯз дар аксари давлатҳои олам 3 март ҷашн гирифта мешавад, дар Тоҷикистони суханпарвари мо иди ҳамешазуҳур аст.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»