Мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо узви Ҳукумати вилояти Свердловск
ДУШАНБЕ, 27.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 27 марти соли 2020 дар шаҳри Екатеринбург Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сайидзода бо Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловск Василий Козлов — бо ибтикори ҷониби россиягӣ мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург иттилоъ доданд.
Суҳбат дар фазои гарми дӯстию ҳусни тафоҳум сурат гирифт.
Тазаккур дода шуд, ки тайи даҳсолаи охир робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии Тоҷикистон бо минтақаҳои Федератсияи Россия – ҳамчун ҷузъи маҷмӯи муносибатҳои байнидавлатӣ – дар арсаи ҳамкории ду давлат нақши муҳиму назаррас касб кардаанд ва ин тамоюли мусбат сол ба сол тақвият меёбад.
Дар ин иртибот Зафар Сайидзода изҳор дошт, ки аз нигоҳи густариши ҳамкории гуногунҷанба бо Тоҷикистон вилояти Свердловск миёни дигар минтақаҳои Россия тамоми имконотро дорост, ки ба яке аз ҷойҳои аввал барояд.
Бо ин дидгоҳи дипломати тоҷик розӣ шуда, Василий Козлов гуфт, ки вилояти Свердловск ва Тоҷикистон барои рушду тавсеаи ҳам ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳам робитаҳои фарҳангию башарӣ имконоти фарох доранд. Ба хотири роҳандозии ин гуна ҳамкорӣ заминаи боэътимод бояд гузошт. Сухан дар бораи дар Тоҷикистон доир сохтани ҳамоиши соҳибкорони тоҷику вилояти Свердловск, татбиқи амалии лоиҳаҳои муштараки фарҳангию башарӣ ва барномаҳои дуҷонибаи соҳаи илму маориф, ба мавзеи Урал ташриф овардани гурӯҳи бонуфузи ходимони фарҳангу илми тоҷикистонӣ меравад, тавзеҳ дод Василий Козлов.
Ҷонибҳо омодагии худро ба дӯстию ҳамкорӣ ба хотири пешбурди шарикии стратегии ду давлат аз рӯи ин ва дигар масъалаҳои мубрами муносибот, аз ҷумла дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба вилояти Свердловск баён намуданд.








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд






