Мутахассисони тоҷику ӯзбек ба тозакунии Канали калони Ҳисор дар ҳудуди Тоҷикистон оғоз намуданд

Март 13, 2020 14:20

ДУШАНБЕ, 13.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони тоҷику ӯзбек ба тозакунии Канали калони Ҳисор дар ҳудуди Тоҷикистон оғоз намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар асоси шартномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 5 март 9 адад экскаватори тасмачарх бо ронандагон аз Ӯзбекистон ба шаҳри Ҳисор сафарбар гардиданд. Техникаҳои мазкур барои тоза намудани Канали калони Ҳисор нигаронида шудаанд.

«Корҳои тозаю барқароркунии канал 8 март аз ҷамоати шаҳраки Ҳисор оғоз гардида, то мавзеи сарбанди он — дарёи Душанбе, воқеъ дар ноҳияи Синои пойтахт идома меёбанд.

Тибқи нақша, корҳои поксозии дохил ва канораҳои канал дар масофаи 18 километр дар ҳудуди шаҳри Ҳисор ба анҷом расонида мешаванд.

То 11 март тақрибан 6,3 км (3,15 км  ва 3,15 км аз ду канори канал) корҳои тозаю барқароркунии канораҳои канал ба анҷом расида, мутахассисон корро идома дода истодаанд.

«11 март аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шарҳи Ҳисор 3 адад техникаи махсус ва 30 нафар сокинони маҳаллаҳои наздик ба канори канал барои тоза намудани он аз партовҳо ва дарахтони атроф сафарбар карда шуданд»,- афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки ронандагони экскаваторҳо (аз Ӯзбекистон) дар шаҳри Ҳисор бо се вақт ғизои гарм ва ҷои хоб таъмин мебошанд.

Зимнан, соли 1940 дар водии Ҳисор бо ҷидду ҷаҳди беназири халқ сохтмони Канали калони Ҳисор оғоз гардид. Дар он  ба андозаи 5 миллион метри мукааб корҳои заминканӣ ва беш аз 7 ҳазор метри мукааб корҳои сангчинию бетонрезӣ иҷро гардиданд.

Канал калонтарин шабакаи обёрӣ дар водии Ҳисор мебошад. Он аз дарёи Душанбе об гирифта, то дарёи Қаратоғ ба масофаи қариб 50 километр  тӯл кашидааст. Бараш аз рӯи сатҳи об 32 метр, чуқурияш ба ҳисоби миёна 2 метр аст. Канал 14,5 ҳазор гектар замини ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Турсунзода ва беш аз 10 ҳазор гектар замини ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарёи Ӯзбакистонро бо об таъмин менамояд.

Канали мазкур 12 сентябри соли 1942 ба истифода дода шудааст. Сохтмони он ба таърихи Тоҷикистони Шӯравӣ ҳамчун ҳашари машҳури халқии солҳои пеш аз ҷанг (1938—1942) дохил шудааст. Охири соли 1940 дар сохтмони канал 100 ҳазор нафар колхозчиёни водиҳои Ҳисору Сурхондарё иштирок намудаанд.

Март 13, 2020 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд