Мутахассисони тоҷику ӯзбек ба тозакунии Канали калони Ҳисор дар ҳудуди Тоҷикистон оғоз намуданд
ДУШАНБЕ, 13.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони тоҷику ӯзбек ба тозакунии Канали калони Ҳисор дар ҳудуди Тоҷикистон оғоз намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар асоси шартномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 5 март 9 адад экскаватори тасмачарх бо ронандагон аз Ӯзбекистон ба шаҳри Ҳисор сафарбар гардиданд. Техникаҳои мазкур барои тоза намудани Канали калони Ҳисор нигаронида шудаанд.
«Корҳои тозаю барқароркунии канал 8 март аз ҷамоати шаҳраки Ҳисор оғоз гардида, то мавзеи сарбанди он — дарёи Душанбе, воқеъ дар ноҳияи Синои пойтахт идома меёбанд.
Тибқи нақша, корҳои поксозии дохил ва канораҳои канал дар масофаи 18 километр дар ҳудуди шаҳри Ҳисор ба анҷом расонида мешаванд.
То 11 март тақрибан 6,3 км (3,15 км ва 3,15 км аз ду канори канал) корҳои тозаю барқароркунии канораҳои канал ба анҷом расида, мутахассисон корро идома дода истодаанд.
«11 март аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шарҳи Ҳисор 3 адад техникаи махсус ва 30 нафар сокинони маҳаллаҳои наздик ба канори канал барои тоза намудани он аз партовҳо ва дарахтони атроф сафарбар карда шуданд»,- афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки ронандагони экскаваторҳо (аз Ӯзбекистон) дар шаҳри Ҳисор бо се вақт ғизои гарм ва ҷои хоб таъмин мебошанд.
Зимнан, соли 1940 дар водии Ҳисор бо ҷидду ҷаҳди беназири халқ сохтмони Канали калони Ҳисор оғоз гардид. Дар он ба андозаи 5 миллион метри мукааб корҳои заминканӣ ва беш аз 7 ҳазор метри мукааб корҳои сангчинию бетонрезӣ иҷро гардиданд.
Канал калонтарин шабакаи обёрӣ дар водии Ҳисор мебошад. Он аз дарёи Душанбе об гирифта, то дарёи Қаратоғ ба масофаи қариб 50 километр тӯл кашидааст. Бараш аз рӯи сатҳи об 32 метр, чуқурияш ба ҳисоби миёна 2 метр аст. Канал 14,5 ҳазор гектар замини ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Турсунзода ва беш аз 10 ҳазор гектар замини ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарёи Ӯзбакистонро бо об таъмин менамояд.
Канали мазкур 12 сентябри соли 1942 ба истифода дода шудааст. Сохтмони он ба таърихи Тоҷикистони Шӯравӣ ҳамчун ҳашари машҳури халқии солҳои пеш аз ҷанг (1938—1942) дохил шудааст. Охири соли 1940 дар сохтмони канал 100 ҳазор нафар колхозчиёни водиҳои Ҳисору Сурхондарё иштирок намудаанд.








«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд






