Наврӯз-сарҷамъкунандаи миллатҳо. Дар базми идонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд меҳмонон аз Федератсияи Россия иштирок намуданд

Март 21, 2020 11:10

ДУШАНБЕ, 21.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Иди Наврӯзи байналмилалиро дар фазои идона бо савту навои дилнавоз ва намоиши анъанаҳои наврӯзӣ истиқбол намуданд. Дар базми наврӯзӣ дар баробари роҳбарияти донишгоҳ, устодону донишҷӯён ҳамзамон  меҳмонон аз Донишкадаи нақлиёт, хизматрасонӣ ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии муҳандисӣ ва иқтисодии Нижегород ва Донишкадаи иқтисодии Донишгоҳи Княгининои Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд, зимни маҳфили фарҳангӣ ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода баён дошт, ки “Наврӯз ҳамчун рамзи некӣ, рӯшноӣ, сарҷамъиву ваҳдати мардум, ҷашни нуру сурур барои афзудани гармии меҳру ихлоси мардуми Тоҷикистони азиз, равнақи созандагиву бунёдкорӣ, хуррамиву шукуфоии сарзамини аҷдодии мо нақши муассир гузошта, ҳамасола бо ҳузури хеш дар тақвими мо ба зиндагонии мардум хуррамиҳо ворид менамояд. Дар ин радиф ҳар яки мо бо баробари шукргузорӣ аз пойдории сулҳу ваҳдат ва соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба хотири сарҷамъии миллат, тақвияти иқтидори давлат ва ободии фардои мамлакат  саҳмгузор бояд бошем”.

Зимни маҳфили идона аз ҷониби иштирокчиён дастовардҳои илмиву эҷодии устодону донишҷӯён ва ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар донишгоҳ аз Наврӯзи соли 2019 то Наврӯзи имсола, композитсияи адабӣ, хониши сурудҳои наврӯзӣ бо бунёди сафедор бо гули лола, ки анъанаи қадимӣ мебошад, эҳё гашта, дар намуди намоиши саҳнавӣ, равзаҳои махсус оид ба таърихи Наврӯз, таому  бозиҳои миллӣ ва дастранҷи ҳунарҳои мардумӣ манзури ҳозирин гардонида шуданд.

Намоиши театрӣ ва барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ маҳфилро ғанитар гардониданд.

Март 21, 2020 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад