«Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон». Барои дарёфти он донишҷӯёни муассисаҳои олӣ сабқат мекунанд

Март 12, 2020 13:32

ДУШАНБЕ, 12.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «шаҳраки академикӣ»-Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид. Олимпиадаи мазкур фардо, 13 март дар Академияи илмҳо  ҷамъбаст карда мешавад. Ҷиҳати иштирок дар даври ниҳоии олимпиада аз ҷониби 25 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дархостҳо пешниҳод гардиданд. Озмуни имсола ба эълон шудани Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бахшида шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки зимни ифтитоҳи ҳамоиши илмӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зикр кард, ки рӯй овардан ба илмомӯзӣ, бахусус илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини рақобатпазирии мамлакат дар арсаи ҷаҳон қадами устувор ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли Паёми навбатиашон солҳои 2020-2040-ро Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намуданд. Ин як ибтикори созанда, дурбинона ва хирадмандонаи Сарвари давлат  аст. Зеро танҳо ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷомеаи бо донишҳо ва тафаккури техникӣ мусаллаҳ метавонад алайҳи ҳама гуна буҳронҳо рақобатпазир, тобовар ва муваффақ бошад.

Ба андешаи академик, таъсири илм ба тамоми самтҳои ҳаёти инсон, аз ҷумла технология ва саноат, иқтисодиёт, кишоварзӣ, сиёсат, фарҳанг ва ҷаҳонбинӣ торафт меафзояд. Кашфиёту дастовардҳои илмию техникии олимони муосир ба ҳаёти мо, умуман ба тақдири тамаддун нисбат ба корҳои анҷомдодаи донишмандону сиёсатмадорони гузашта таъсири амиқ гузоштаанд. Яқин мегардад, ки танҳо инсони фарҳангӣ ва бомаърифат ба сатҳи муосири рушди тамаддун мувофиқ омада метавонад.

Академияи илмҳо ҳамасола дар арафаи иди Наврӯз олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳуриро барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир менамояд. Мақсади доир намудани олимпиада баланд бардоштани тафаккури илмию техникии наврасон ва ҷавонон, ҳамчунин дарёфти ҷавонони боистеъдод  дар соҳаи илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ мебошад. Соли ҳафтум аст, ки байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат олимпиада барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад. Соли равон ба озмун танҳо нафароне, ки дар самти табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ  таҳсил мекунанд, даъват шуданд.

Дар олимпиадаи мазкур донишҷўёни зинаи бакалавр ва курсҳои 1-5-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи 7 самти илм-табиӣ-риёзӣ, дақиқ ва техникӣ, аз ҷумла, математика, физика, астрономия, химия, геология, биология ва технологияҳои иттилоотӣ дар шакли тахассусӣ ва ғайритахассусӣ  иштирок карда метавонанд.

Даври якуми олимпиада дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардида,  1-нафарӣ ғолибон аз ҳар як соҳаи илм барои иштирок дар даври ниҳоӣ, ки дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, пешниҳод карда мешаванд.

Барои шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани олимпиада ҳайати ҳакамон аз ҳисоби олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки онҳо сатҳи донишандӯзӣ ва иҷрои корҳои амалии довталабонро баҳогузорӣ менамоянд.

Тибқи Низомномаи олимпиада, барои ғолибон дар ҳар як соҳаи илм ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм муқаррар карда шудаанд.

Ғолибони ҷойи якум бо «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дипломи дараҷаи якум сарфароз гардонида мешаванд. Ғолибони ҷойҳои дуюм ва сеюм бо дипломҳои дараҷаи 2-юм ва 3-юм сарфароз гардонида мешаванд.

Бино ба иттилои масъулин, вобаста ба беҳтар гардидани шароиту имкониятҳои таҳсил сол то сол шумораи иштирокдорони олимпиада афзоиш меёбад. Дар сабқати имсола зиёда аз 130 нафар донишҷӯ иштирок менамоянд.

Ба иттилои сардори Раёсати аспирантура ва магистратураи Акаемияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил Ёров, соли равон Олимпиада дар шакли тестӣ, ҳалли мисолу масъалаҳо, иҷрои корҳои лабораторӣ гузаронида мешавад.

Март 12, 2020 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таъсис дода шудаанд