Пешвои миллат: «Супориш дода мешавад, ки лоиҳаи қарори Ҳукумат ҷиҳати барҳам додан ва ба сохтори Академияи илмҳо ворид кардани Академияи илмҳои тиб пешниҳод гардад»

Март 18, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 18.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷод  ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки дар  якҷоягӣ бо Академияи илмҳо, вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ лоиҳаи қарори Ҳукуматро ҷиҳати барҳам додан ва ба сохтори Академияи илмҳо ворид кардани Академияи илмҳои тиб дар муддати се моҳ пешниҳод намояд.

Пешвои миллат ҳамчунин зикр намуданд, ки Академияи илмҳои тиб соли 2009 дар сохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шуд. Ҳарчанд ки дар муддати фаъолияти беш аз даҳсолаи худ ин муассиса як зумра усулҳои нави табобатро ҷорӣ кардааст, вале натавонист фаъолияти худро ҳамчун маркази илмӣ дуруст ба роҳ монда, ба дастовардҳои назаррас дар соҳаи илми тиб ноил гардад.

«Боиси нигаронист, ки дар зарфи беш аз ду даҳсола аз ҷониби олимони соҳаи тандурустии мамлакат истеҳсоли ягон навъи доруи ватанӣ ба роҳ монда нашудааст. Ҳол он ки табиати Тоҷикистони мо аз навъҳои гуногуни растаниҳои шифобахш бой буда, онҳо то имрӯз танҳо дар асоси таҷрибаи тибби халқӣ коркард мешаванд. Аз ин рӯ олимони ҷумҳуриро зарур аст, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои замони муосир истеҳсоли дорувориро бо истифода аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ оғоз намоянд ва дар ҳифзи саломатии аҳолии мамлакат ҳисса гузоранд»,- гуфтанд Сарвари давлат.

Ба иловаи Президенти ҷумҳурӣ, дар давлати мо дар асоси ашёи хоми ватанӣ имкони коркард ва истеҳсоли таҷҳизоти гуногуни тиббӣ вуҷуд дорад. Аммо ин имконият барои табобат ва сохтани техникаву таҷҳизоти соҳа кам истифода мешавад ва олимони мамлакат бояд дар ин ҷода низ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Март 18, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд