Рассоми маъруфи тоҷик Олимхон Рабиев ба унвони академики Академияи миллии тарроҳии Россия мушарраф гардид

Март 5, 2020 01:30

ДУШАНБЕ, 05.03.2020 /АМИТ Ховар/. Ҳунарманди маъруф, раиси Академияи рассомони Тоҷикистон Олимхон Рабиев барои саҳми арзанда дар рушди санъати тасвирӣ, тарроҳӣ ва тарроҳии як зумра  иншооти бузурги фарҳангӣ, инчунин барои ҳамкории судманд ва мусоидат дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба унвони академики Академияи миллии тарроҳии Россия мушарраф гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Шаҳодатнома ва шаҳодатномаи академикӣ 28 феврал дар Москва дар ҷаласаи васеи Раёсати Академияи миллии тарроҳии Россия бо супориши Президенти Академияи миллии тарроҳии Россия Владимир Аронов ба Олимхон Рабиев тақдим гардид.

Мавриди зикр аст, ки номбурда хатмкардаи Мактаби ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад.  Олимхон Рабиев фаъолияти кориашро ба ҳайси директори Мактаби рассомии бачагона, Осорхонаи таърих ва осори таърихии Ваҳдат оғоз кардааст.

Сипас  ӯ солҳои 2004 — 2014 дар вазифаи Директори генералии Фонди ҷамъиятии санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда,  айни  замон  раиси Академияи рассомони Тоҷикистон мебошад.

Ба сифати иштирокчии намоишгоҳҳои рассомони тоҷик дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон, Қазоқистон, Ҳиндустон ва Федератсияи Россия фаъолона ширкат варзидаст. Инчунин рассоми асосии Карнавал бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз 21 марти соли 2019 дар Душанбе, ташкилкунандаи намоишгоҳи асарҳои рассомони муосири тоҷик дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин буд.

Олимхон Рабиев дорандаи ҷоизаи дараҷаи 1-и ордени «Шараф», унвони фахрии доктори фалсафаи санъати ҷаҳонӣ дар Донишгоҳи байналмилалии Оксфорд, Дипломи Фестивали XXII байналмилалии санъати Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ, ордени Шаъну шарафи Фонди фарҳангии Санкт-Петербург мебошад.

Расмҳои рассоми боистеъдоди тоҷик Олимхон Рабиев дар коллексияҳои хусусӣ дар Москва ва Санкт-Петербург, инчунин дар ИМА, Франсия, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷой дода шудаанд.

 

Март 5, 2020 01:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд