Саидҷалол Саидов ва Шакармамад Мирмамадов шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштинро дар ноҳияи Темурмалик ба даст оварданд

Март 29, 2020 16:40

ДУШАНБЕ, 29.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба ҷашни аҷдодии тоҷикон-Наврӯзи хуҷастапай дар Ҷамоати деҳоти Чилчаи ноҳияи Темурмалик мусобиқаи гӯштин  баргузор шуд. Дар он беҳтарин гӯштингирон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат ширкат варзиданд. Дар ин бора  мухбири АМИТ «Ховар»  Меҳрони   Қурбон хабар медиҳад.

Дар мусобиқаи мазкур, ки дар он беш аз 15 ҳазор тамошобинон ҷамъ омада буданд, дар марҳилаи асосӣ  паҳлавонони шинохтаи мамлакат- Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов, Саидҷалол Саидов, Хуршед Маҷидов, Фирдавс Насимов ва дигарон рақобатҳои ҷолибу диданӣ нишон доданд.

Қобили зикр аст, ки дар баробари ду Шоҳҷоиза –мошини сабукрав масъулини чорабинӣ ҷоизаҳои зиёди пулию молӣ таъсис доданд. Ҳамин тариқ, баъд аз рақобатҳои ҷолиб барои Шоҳҷоизаи аввал Саидҷалол Саидов бо Шариф Назриев ба майдон баромаданд. Қувваозмоии ин ду паҳлавони шинохта дуру дароз идома карда, ниҳоят бо як партофти зебои Саидҷалол Саидов анҷом ёфт.

Дар рақобати дигар барои бурди Шоҳҷоиза Шакармамад Мирмамадов бо Шоҳрух Амирхонов қувва санҷид. Дар вохӯрии мазкур баъд аз қарори доварон бартарӣ ба Шакармамад Мирмамадов дода шуд.

Хотиррасон мекунем, ки қабл аз ин Шакармамад бо Хуршед Маҷидов майдондорӣ намуд ва ин вохӯрӣ бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфта буд. Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Ҷамоати деҳоти Чилчаи ноҳияи Темурмалик дар фазои хотирмон анҷом пазируфт.

Март 29, 2020 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад