САРАЗМ — ҲАМСОЛИ НАВРӮЗ! Донишманди тоҷик таърихи зуҳури ин ҳардуро ба «даврони пайдоиши оламу одам» марбут медонад

Март 23, 2020 09:03

ДУШАНБЕ, 23.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз оид ба таърихи таҷлили Наврӯз баҳсу мунозираҳои илмӣ давом доранд. Муҳаққиқоне, ки оид ба таърихи пайдоиш ва густариш ёфтани иди Наврӯз тадқиқоти илмӣ бурдаанд, бештар ба мадракҳои хаттӣ такя намуда, шурӯи ҷашнгирии Наврӯзро ба давраи Империяи Ҳахоманишиҳо нисбат медиҳанд. Хулосаи фикру ақидаҳои онҳо ин аст, ки таҷлили Наврӯз ба давраҳои хеле қадими то таърихӣ (то пайдоиши хат ва аввалин давлатҳо), яъне ба замони каёниён, даврони, ба қавле «пайдоиши одаму олам»  рост меояд.

Дар иртибот ба ин мавзуъ номзади илми таърих, муҳаққиқи ёдгории Саразм Абдурауф РАЗЗОҚОВ ба АМИТ «Ховар» чунин изҳори назар намуд:   

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба далелу мадракҳои ҷадиди бостоншиносӣ борҳо зикр намудаанд, ки Наврӯз таърихи 6000-сола дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки Наврӯз, пеш аз ҳама, иди кишоварзон будааст.

Барои рӯшанӣ андохтан ба таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз ба бозёфтҳои моддии бостоншиносӣ рӯ меорем. Дар таъриху тамаддуни башарият марҳилае бо номи «Инқилоби неолитӣ» маълум аст. Маҳз дар ҳамин марҳилаи таърихӣ (ҳазорсолаҳои 7-6 пеш аз мелод) инсоният пасу пеш вобаста ба иқлими мавзеи зист ба ҳаёти муқимнишинӣ рӯ оварда, ба кишти зироати ғалладона машғул мешавад.

ДАР АКСҲО: Саразми бостонӣ

Ёдгории аҳди қадими кишоварзии Саразми Панҷакент таърихи беш аз 5500-сола дошта, 40 сол аст, ки таҳқиқ карда мешавад. Бозёфтҳои сершумори бостонӣ собит месозанд, ки шуғли асосии саразмиёни бостон, пеш аз ҳама, кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ буда, ҳамзамон бо ҳунармандӣ (кулолгарӣ, маъданҷӯиву маъдангудозӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, заргарӣ, бофандагӣ ва ғайраҳо) машғул будаанд. Инчунин онҳо бо қабилаҳои ҳамҷавори Авруосиё робитаҳои тиҷоратӣ доштаанд. Маҳз ҳамин робитаҳои тиҷоратию фарҳангӣ сабаб гашт, ки дар Саразми бостонӣ баробари рушди маданияти шаҳрсозиву шаҳрдорӣ, инчунин заминаи ақидаҳои маданиву фарҳангӣ низ фароҳам гардида, рушд ёбад.

Дар замони ҳаёти мадании саразмиён ва қабилаҳои ҳамҷавори он давра (ҳазорсолаҳои 4-3-и қабл аз мелод) ҳанӯз хат вуҷуд надошт. Ҳангоми пажӯҳишҳои бостоншиносӣ аз Саразм даҳҳо зарфҳо ва пораҳои сафолҳои мунаққаш пайдо карда шудаанд. Кулолгарон ва рассомони аҳди бостон тахайюлот ва фаҳмишу ақидаи худро бо нақшҳои ҳандасӣ дар рӯи зарфҳои сафолӣ сабт намудаанд. Ҷолиб он аст, ки дар рӯи зарфҳои сафолӣ сабзиши майсаи ҷаву гандум, мавҷи дарёву ҷӯйбор, нури зиндагибахши хуршедро моҳирона ҳаккокӣ намудаанд.

Кишоварзони аҳди қадим омад-омади баҳорро баъди сардию карахтии замин интизорӣ кашида, шояд онро бо базму маросими ба худ хос, махсусан бо афрӯхтани оташ пешвоз мегирифтанд. Ба маврид аст ин ҷо зикр намоем, ки аз қабатҳои сеюму чаҳоруми маскунии маданияти Саразм, ки ба нимаи аввал ва охири ҳазорсолаи III пеш аз мелод мансубанд, изи даҳҳо мавзеи оташафрӯзӣ дар зери осмони кушод пайдо карда шудаанд.

Саразмиёни бостон дорои маданияти баланди рушдёфтаи меъмории замони хеш буданд. То имрӯз дар 17 мавзеи ёдгорӣ пажӯҳиш гузаронида шудааст. Боқимондаҳои биноҳои истиқоматӣ, мазҳабӣ, маъмурӣ ва растаҳои ҳунармандӣ аз зери хоктӯдаҳо  пайдо карда шудаанд. Гумон меравад, ки пеш аз оғози биносозӣ гурӯҳи муайяни «меъморон» лоиҳаи сохтмонро пешакӣ тарҳрезӣ намудаанд. Бештар биноҳои маъмуриву мазҳабӣ тарҳи росткунҷа дошта, дару тирезаҳои онҳо ба самти шарқу ғарб, яъне самти офтоббаро ва самти тулӯи офтоб нигаронида шудааст. Биноҳо аз якчанд ҳуҷраҳо ва баъзан аз як ва ду толори васеи барҳаво иборатанд. Дар маркази толорҳо оташкадаҳои мудаввар шакл ва чоркунҷа бо умқи марказии начандон калон мавҷуданд. Атрофи оташкадаҳо бо деворчаи начандон калонҳаҷм, ки ҳамагӣ аз 6 то 10 см. баландӣ ва 6-10 см. вусъат доранд, иҳота гардидаанд. Атрофи умқи марказӣ ва атрофи деворчаҳои оташкада аз 12 то 22 маротиба бо андоваи начандон ғафс пардоз дода шудаанд. Дар умқи доирашакли марказии оташкада, ки вусъаташ ба 12-20 см ва чуқуриаш то ба 35-40 см. баробар аст, изи оташи ба ранги аҳмарӣ мубаддал гашта то ҳанӯз боқист.

Ховаршиноси маъруфи Бритониё Мери Бойс таърихи пайдоиши ҷашнгирии Наврӯзро то ба 6000 сол муқаррар намудааст. Ӯ дар чунин ақида аст, ки маросими мазкур, пеш аз ҳама, аз ибодат ба оташ, чун муқаддасоти ҳаёти инсонӣ оғоз мегардидааст.

Ҳамин гуна оташкадаҳо аз ёдгориҳои аҳди қадими кишоварзии замони саразмиёни бостон дар ёдгориҳои Мундигоки Афғонистон, Шаҳри Сӯхтаву Теппаи Ҳисори Эрон, Пираки Балуҷистон, ёдгориҳои маданияти Анаву Намозгоҳтеппаи Туркманистони Ҷанубӣ ва дигар мавзеъҳои бостонии Осиёи Марказӣ пайдо карда шудаанд. Пас гумон меравад, ки ибодат ба оташ ҳамчун рамзи бузургдошти Хуршед ҳанӯз аз ҳамин давраҳо дар байни қабилаҳои аҳди қадими кишоварзӣ маълум буда, садсолаҳои минбаъда аз насл ба насл гузашта, бо пайдоиши нахустдинҳо (зардуштия) ва нахустдавлатҳо бо тобишу ҷилои нав дар (ҳазорсолаҳои II-I-и қабл аз мелод) бо номи «ҷашни Наврӯз» пазируфта шудааст. Зимнан, иди баҳор (Наврӯз)- эҳёи табиату замин, ки сабаби офариниши ризқу рӯзии мардуми олам мегардид, дар тамоми давру замон ба ягон мазҳабу дину сиёсат алоқамандие надошта, аз тобишҳои сиёсии давру замон эмин монда, то имрӯз аз ҷониби мардуми тамаддунофари тоҷик ва меросбарони онҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ бо шукӯҳу шаҳомати идона ҷашн гирифта мешавад, ки нумӯи он аз ёдгориҳои аҳди қадими кишоварзии Осиёи Марказӣ, бахусус Саразми Тоҷикистон, ки аз тарафи яке аз зерсохторҳои Созмони Милали Муттаҳид- ЮНЕСКО ҳамчун яке аз авалин шаҳрҳои олам шинохта ва эътироф гардидааст, сарчашма мегирад. Инчунин дар ҷараёни омӯзиши пайваста ва гуногунсоҳаи ёдгорӣ маводи сершумори бостонӣ дар бораи ҳаёти моддиву маънавии саразмиёни бостон маълумоти пурарзиш ба даст омадаанд. Ин маълумот дар қиёс бо маданияти аҳди қадими кишоварзии қабилаҳои ҳамҷавор собит месозад, ки ниёгони мо, тоҷикон дар офариниши нахусттамаддунҳои башарӣ- шаҳрсозиву шаҳрдорӣ бо маданияти баланди худ машғул буданд. Мантиқан, гумон меравад, ки дар чунин шароити пайдоиш ва рушдёбии заминаҳои тамаддунҳои башарӣ аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ бояду шояд соҳиби иду базмҳои мавсимӣ буданд, ки ба таври хеш ҷашн мегирифтанд. Ин кишоварзонро, ки бесаброна омад-омади фасли гармо-баҳори нозанинро интизорӣ мекашиданд, водор намудааст, ки Наврӯзро бо маросими ба худ хос истиқбол гиранд. Пас чӣ сабаб гаштааст, ки рассомони Саразм бо маҳорати баланд дар рӯи зарфҳои сафолӣ мавҷи хурӯшони ҷӯйборон, нурафшонии хуршед, сабзиши гандум ва пухта расидану сар хам кардани хӯшаи гандумро ҳаккокӣ намоянд.

Агар сабзиши хӯшаи гандум омад-омади фасли баҳорро ифода намояд, пас пухта, сар хам намудани хӯшаи гандум иди ҳосилотро, ки баъдан бо номи иди Сада маъмул гашта, то имрӯз ба яке аз идҳои аҷдодии тоҷикон табдил ёфтааст, ифода менамояд.

Бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзу ёдгории аҳди қадими кишоварзии Саразм бо арзишҳои баланди фарҳангии хеш ҷаҳонӣ гашта, ба феҳрести Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО шомил гардидаанд.

Март 23, 2020 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ