ШОҲҶОИЗА – МОШИНИ САБУКРАВ! Пагоҳ дар Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2020» баргузор мешавад

Март 20, 2020 08:55

ДУШАНБЕ, 20.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Муасиссаи давлатии Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ба  ифтихори  таҷлили ҷашни ниёгон-Наврӯзи  хуҷастапай   бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ барои дарёфти ҷоми «Пойтахт — 2020» баргузор мешавад. Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ  пагоҳ соати 09:00 оғоз мегардад. Паҳлавонҳои беҳтаринро туҳфаҳои арзишманд ва ғолиби вазни мутлақро Шоҳҷоиза – мошини сабукрав интизор аст.

 Тавре шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад, дар ин мусобиқа ширкати беҳтарин паҳлавонони  мамлакат аз вилоятҳои Суғду  Хатлон ва ВМКБ дар назар аст.

Ёдовар  мешавем, ки  ба  ифтихори  ҷашни  байналмилалии Наврӯз 24 марти соли 2019  бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муасиссаи давлатии Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе  бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар ҳаводорону мухлисони ин навъи варзиш ва бо намоиши беҳтарин рақобатҳо миёни паҳлавонони маъруфи мамлакат Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини миллӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт – 2019» баргузор гардида буд.

Дар чемпионат зиёда аз 180 нафар варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳо ширкат варзида, дар охир ғолибон бо  диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Мусобиқаи  мазкур  23-24 марти соли 2019 сурат гирифта,  пас аз талошу рақобатҳои дурӯза дар вазни 80 кг мақоми аввал насиби Садр Боев, мақоми дуюм насиби Эраҷ Абдуллоев ва мақоми сеюм насиби Ҳақназар Назаров гардид. Дар вазни 90 кг  ҷои  аввалро Эмомалӣ Камолов, ҷои дуюмро Меҳрубон Идрисов ва мақоми сеюмро Бежан Боқиев соҳиб шуданд. Дар вазни 100 кг  Саидҷалол Саидов ба гирифтани ҷойи аввал, Фирдавс Насимов — ҷойи дуюм ва Шарифҷон Назриев ба гирифтани ҷойи сеюм шарафёб шуданд.

Ҳамин тариқ, дар вазни  +100 кг рақобатҳои ҷолибу диданӣ доир шуда, мақоми аввалро Одил Сафаров, мақоми дуюмро Абубакр Раҳмонов ва мақоми сеюмро Шоҳрух Амирхонов соҳиб шуданд. Барои ғолиби мутлақи чемпионати мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Шоҳҷоиза – мошини  сабукрави «Мерседес-бенс»  ҷудо карда буд, ки онро варзишгари маъруфи мамлакат Саидҷалол Саидов соҳиб гардид. Дар вазни мутлақ Фирдавс Насимов сазвори ҷойи дуюм гардида, ҷойи сеюм насиби Шарифҷон Назриев гардид.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Март 20, 2020 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд