ТАДБИРҲОИ МУВАФФАҚОНАИ МАҚОМОТ, ИҚЛИМИ МАХСУС ВА ҲАЗОРИСПАНД… Муовини директори генералии Институти байналмилалии ваксинаҳои назди СММ шарҳ дод, ки чаро дар Осиёи Марказӣ коронавирус мавҷуд нест

Март 13, 2020 15:30

ДУШАНБЕ, 13.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Табиб ва эпидемиологи маъруф, доктори илмҳои тиб, муовини директори генералӣ оид ба илми Институти байналмилалии ваксинаҳои назди СММ Михаил Фаворов сабаби набудани коронавирусро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) бо  тадбирҳои  муваффақонаи мақомот, иқлими махсус, ҳавои хушк ва… ҳазориспанд, ки дар Осиёи Марказӣ онро аз замонҳои қадим барои безараргардонӣ истифода мекарданд, рабт дод. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Sputnik» хабар медиҳад, ӯ дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ дар Тошканд баён дошт.

Дар посух ба суоли «чаро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ коронавирус мавҷуд нест», Михаил Фаворов тадбирҳои андешидаи мувафақонаи мувафақонаи мақомот ва мутахассисонро дар пешгирии паҳншавии вируси хатарнок дар як зумра кишварҳо, ки шомили ба ном «секунҷаи муғулӣ» мебошанд, зикр кард. Ногуфта намонад, ки   дар бораи ин кишварҳо охири моҳи гузашта роҳбари СУТ Тедрос Гебрейесус низ зимни брифинг  махсус зикр намуда, иқдомоти ҳукуматҳои  ин кишварҳоро дар мубориза бар зидди коронавирус қобили дастгирӣ ва пайравӣ арзёби намуда буд. «Давлатҳое ҳастанд, ки аз ҳам фарқ доранд, аммо  фаъолияти  онҳо нишон медиҳад, ки чораҳои қатъӣ барои пешгирии паҳншавии беморӣ кумак мекунанд», — гуфта буд   Гебрейесус.

«Ин кишварҳо тамоми тадбирҳои пешгирикунандаро меандешанд ва мутахассисони мо сатҳи ин корро баланд арзёбӣ мекунанд», — таъкид кард Михаил Фаворов.

«Мо ҳамроҳ бо ҳамкоронамон чунин  вазъиятро мушоҳида кардем, ки як зумра кишварҳое ҳастанд, ки дар онҳо коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Мо дар бораи сабабҳои мавҷуд набудани беморӣ дар онҳо бисёр фикр кардем: шояд сабабаш ҳавои хушк ва иқлими махсус бошад ва ё ҳазориспанд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз замонҳои қадим барои безараргардонӣ истифода бурда мешуд…», —  тазаккур дод  ӯ ва ёдовар шуд, ки дар вақташ Абуалӣ Ибни Синои бузург низ бо ҳазориспанд дуд кардани ҳуҷраҳо ва манзили зистро барои ҳифозат  аз бемориҳо тавсия дода буд.

Ба андешаи муовини директори генералӣ оид ба илми Институти байналмилалии ваксинаҳои назди СММ М. Фаворов, эҳтимол ҳамаи  омилҳои зикршуда  сабаб шуда бошанд. «Ҳоло тасаввур ва гумон кардани чизе бефоида аст, аммо  воқеият ин аст, ки дар ҳеҷ як кишвари Осиёи Марказӣ ҳолати COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст ва умедворам, ки ба қайд гирифта нахоҳад шуд», — иқтибос меорад гуфтаҳои ӯро «Sputnik-Uzbekistan».

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, олими шинохта барои расонидани кумак дар пешгирии паҳншавии коронавирус дар ин ҷумҳурӣ қарор дорад. Ӯ ба кормандони соҳаи тиб дар муассисаҳои табобатии махсус машварат медиҳад.

Қаблан, профессор Фаворов дар мусоҳиба бо нашрияҳои Россия гуфта буд, ки омода намудани ваксина бар зидди коронавируси нав барои касе судманд нест.

Михаил Фаворов дар бораи муҳлати истеҳсоли дору барои коронавируси нав низ сухан гуфт. Илова бар ин, ӯ зикр намуд, ки ба гумон аст дар 2 соли оянда ваксинаи зидди коронавируси нав дастрас гардад. Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки дору барои коронавирус бояд аз озмоиш гузаронида шавад — бидуни ин онро дар истифодаи одамон қарор додан   мумкин нест.

«Муҳлати омода кардани ваксина ҳатто аз муҳлати омоданамоии дору дарозтар аст. Фикр намекунам, ки давоми ду сол ваксина дар ин ҷо дастрас мегардад. Аммо, чаро ин эпидемияро давоми ду сол бознадорем?! Гузашта аз ин, аз Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА гуфтанд, ки онҳо низ, мисли ман, фикр доранд, ин вирус мавсимӣ аст ва метавонад бо мавсими сироятҳои одии роҳи нафас хотима ёбад. Аммо ин аниқ нест, ки он баъдан дигар пайдо намешавад. Ба мо вақт лозим аст ва ин чизи асосиест, ки мо ҳоло болои он кор карда истодаем», — гуфт профессор.

Фаворов инчунин ёдрас шуд, ки новобаста аз чораҳои қатъӣ Чин коронавируси навро дар дохили кишвар дошта натавонист.

«Чин вирусро дошта натавонист. Ҳама гуна чунин эпидемия барои ҳар низоми тандурустӣ – чинӣ, олмонӣ, франсузӣ, италиявӣ — озмоиш аст. Албатта, дар чунин низомҳои пурзӯр умед буд, ки он гузашта наметавонад… Мушкилӣ дар он аст, ки ҳеҷ кадоми мо бар зидди ин вирус дору надорем», — таъкид намуд муовини директори генералӣ оид ба илми Институти байналмилалии ваксинаҳои назди СММ.

Ёдовар мешавем, ки то ба имрӯз дар қитъаи Авруосиё танҳо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ аз бемории коронавирус эмин мондаанд: Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон.

ДАР АКС: Михаил Фаворов. Акс аз uzreport.news

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА агентии федералии Вазорати тандурустии ИМА буда, соли 1946 таъсис ёфтааст.

Ҳадафи он тандурустӣ ва амният тавассути пешниҳоди иттилоот барои такмили қарорҳои тиббӣ мебошад. Дар даҳсолаи охир агентӣ дар мубориза бар зидди паҳншавии зукоми A/H1N1, штамми Калифорния нақши муҳим дошт.

Март 13, 2020 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо: «Дурӯягӣ ва бетарафию бепарвоӣ накунед, намунаи ибрат бошед, зеро мардум ба шумо мувофиқи рафтору гуфторатон баҳо медиҳанд»
15 МАЙ- РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИҚЛИМ. Тағйирёбии иқлим аз ҷомеаи ҷаҳон ҳамкории устувор ва дурандешӣ тақозо менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»