Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода бо Сафири Япония дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 13.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита иброз намуд, ки нисбат ба забон ва фарҳанги тоҷик шавқи зиёд дорад. Ин нуктаро ӯ 12 март зимни мулоқот бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода баён дошт.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, зимни мулоқот зикр шуд, ки муаррифии фарҳанги тоҷик ба халқи Японияю шиносонидани мардуми Тоҷикистон бо фарҳанги Япония ва баргузории барномаҳои гуногун ба таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи фарҳангӣ мусоидат менамоянд.
Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода гуфт, ки Тоҷикистону Япония ҳамкории хуби фарҳангӣ ба роҳ монда, минбаъд барои тақвияти он кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти байналмилалии худ сиёсати «дарҳои боз»-ро интихоб намуда, равобити хешро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври муназзаму бомаром рушд медиҳад.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 октябри соли 2018 зимни мулоқот бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи Сукубаи Япония иброз намуданд, «имрӯз кишвари дӯсти Япония, ки яке аз аввалинҳо шуда, истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кард, дар сафи шарикони наздику боэътимоди мо дар арсаи байналмилалӣ қарор дорад. Аз рӯзи оғоз ёфтани муносибатҳои дипломатӣ мамлакатҳои мо ҷаҳду талоши худро оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мунтазам ҳамоҳанг месозанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Япония шарики муҳимро мебинад ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо он ҳамкории пойдору дарозмуҳлатро рушд диҳад».
Саҳми Япония дар татбиқи амалии бисёр лоиҳаҳои ҳаётан муҳим барои соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон баланд арзёбӣ мегардад.








РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард






