Вазорати тандурустӣ: то имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

Март 5, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 05.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар робита ба хабару овозаҳое, ки имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ  ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба сирояти коронавирус  нашр мешаванд,  ба самъи шаҳрвандони мамлакат  мерасонад, ки то имрӯз дар  мамлакат ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Танҳо чораҳои пешгирии он  рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.

Бинобар ин,  роҳандозии чораҳои пешгирикунанда аз сирояти ин беморӣ набояд шаҳрвандони мамлакатро ба таҳлука андозанд. Бояд таъкид намуд, ки  танҳо ва танҳо чораҳои роҳандозикардашуда, аз ҷумла худдорӣ намудан аз иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, сафар ба кишварҳое, ки дар онҳо вируси мазкур ба қайд гирифта шудааст, муваққатан худдорӣ намудан аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо, ба истиснои намози ҷаноза ва манъи муваққатии чорабиниҳои оммавӣ ба хотири пешгирии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Ҳамзамон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ВАО-и мамлакат даъват ба амал меорад, ки  оид ба ин масъалаи ҳассос танҳо маълумоти расмӣ ва санҷидашударо нашр намуда, ба шаҳрвандони мамлакат маълумоти воқеиро расонанд.

Чунин ба назар мерасад, ки як гурӯҳ одамон бо истифода аз шабакаи интернет аз нашри ҳар гуна хабарҳои дурӯғ ва беасос вобаста ба он ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, манфиатдор буда, бо ин роҳ мехоҳанд мардумро ба тарсу ҳарос андозанд.

Бо мақсади пешгирӣ аз ин беморӣ  тавсия дода мешавад, ки ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, дастонро бояд тез-тез бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯянд.  Барои иммунитети худро мустаҳкам намудан бештар меваҷоту сабзавот истеъмол намоянд. Инчунин дар ҷойҳои серодам камтар гашту гузор намуда  ё ҳангоми будан дар чунин ҷойҳо аз ниқоб истифода намоянд. Ҳамзамон як муддат  аз дастӣ салом кардан ва ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, бӯсобусӣ намудан худдорӣ намоянд.

Айни замон шаҳрвандоне, ки аз 5 кишвар- Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Афғонистон ва Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд.

 

Март 5, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»