ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаҳри Гулистон меҳмонхонаҳои «Далер», «Соҳил» ва гулгашти нав ба истифода дода шуданд

Апрель 9, 2020 08:15

ДУШАНБЕ, 09.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар шаҳри Гулистон 129 иншоот ба маблағи беш аз 280 миллион сомонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар шаҳри Гулистон илова бар иншооти ба нақша гирифташуда даҳҳо иншооти иловагӣ низ дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бунёд гардидаанд.

Аз ҷумла, меҳмонхонаи замонавии «Соҳил», майдончаҳои варзишии теннис, баскетбол, волейболи пляжӣ, мавзеи пиёдароҳи варзишӣ бо таҷҳизоти тамринӣ дар соҳили «Баҳри тоҷик», фермаи мурғпарварӣ ва гармхонаи лимӯпарварӣ дар осоишгоҳи «Баҳористон», таҷдиди бинои маъмурии ҶСК «Қолинҳои Қайроққум», сехи коркарди қоғаз дар ҳудуди ҶДММ «Сахо ва К», фабрикаи мурғпарварӣ, меҳмонхонаи «Далер», гулгашти нав дар даромадгоҳи ғарбии шаҳр бунёд гардида, чароғонкунии шоҳроҳи Хуҷанд-Гулистон низ ба анҷом расонида шуд.

Корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳри Гулистон вусъат ёфта, сохтмони дигар иншооти муҳим, аз ҷумла ҳаммому сартарошхонаҳо  бахшида ба ҷашни миллӣ тибқи нақша ҷараён доранд.

Апрель 9, 2020 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд