«ҶАНГ БА МАРДУМ БАДБАХТӢ МЕОРАД». Бардошт аз спектакли «Бародар» дар саҳнаи театри Хоруғ

Апрель 8, 2020 17:30

ХОРУҒ, 08.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар  Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ  спектакли «Бародар» («Врод») аз рӯи асари Мансур Суруш дар таҳияи коргардони ҷавон Умеди Хисрав манзури тамошобинон гардонида шуд.

Ин намоиш аз рӯзгори талхи мардуми тоҷик  дар давраи даргириҳои дохилии солҳои навадуми асри гузашта қисса мекунад. Даврае, ки пояҳои давлат аз ҳам рехтанд, қонуну адолат зери по шуд, зимоми маҷлисро аҳли нодон ба даст гирифт, писар аз насиҳати падар  сарпечӣ карду бародар гиребони бародар гирифт.

Ҷобир Хубоншоев, ки дар ин намоиш яке аз нақшҳои асосиро иҷро мекунад, дар суҳбат бо хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» чунин изҳор намуд: «Намоиш ҳамагӣ як соат давом мекунад, аммо дар ин як соат тамошобин тамоми хайру шарри зиндагиро бо чашми худ мебинад. Мебинад, ки як авбош дар сари кӯча як бародарро дар пеши додар ба қатл мерасонад. Бародар барои наҷоти додар, ки Салавот ном дошт, доду фарёд мекашад, аммо касе ба додаш намерасад, ҳама аз тарс роҳи гурезро пеш мегиранд. Додар бо як азоби алим бародашро ба беморхона интиқол медиҳад. Табибон хун талаб мекунанд. Додар ба кӯча мебарояд ва аз роҳгузарон илтимос мекунад, ки барои бародараш хун диҳанд. Касе ба ӯ аҳамият намедиҳад. Танҳо як ҷавон наздаш омада, мегӯяд, ки ҳар қадар хун хоҳӣ, ман ба бародарат Салавот медиҳам. Ӯ хун дода меравад. Ҳарчанд аз ӯ мепурсанд, ки ту кистӣ, чизе намегӯяд. Фақат як калима ба забон меорад: врод.  Табибон чӣ қадар кӯшиш карданд, вале Салавотро наҷот дода натавонистанд ва ӯ аз ҳаёт даргузашт, аммо некии Врод аз ёд фаромӯш нашуд. Дар хотири бародари Салавот фақат як калима боқӣ монд — «врод», ки маънояш «бародар аст». Бародари марҳум баъди ҷустуҷӯҳои зиёд ин ҷавонро пайдо мекунад, ки номи аслиаш Назаршо будааст. Ӯро пас аз ин ба бародархондагӣ қабул мекунад ва акнун ҷои Салавотро Назаршо мегирад».

 Ҷобиршо Хубоншоев гуфт, ки ин асар як соат давом кард, аммо ҳадафи муаллифро метавон дар як ҷумла хулоса кард: Эй мардум, ҷанг накунед, ки ҷанг ба шумо танҳо ғаму ғусса, ғарибию дарбардарӣ, гуруснагию қашшоқӣ, даҳшату офат меорад. Дӯстӣ кунед, ки ба шумо бахту иқбол ато мекунад.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо изҳори миннатдорӣ аз толибилмону донишҷӯён ва кулли тамошобинон баён дошт, ки “тамошои киною телевизион аз тамоши намоиш куллан бартарӣ дорад. Ин ҷо шумо бо ҳунармандони зинда робита мегиред. Нафаскашии онҳоро эҳсос мекунед. Баъди анҷоми намоиш имкон доред, ки бо ҳунарманди дӯстдоштаи худ аз наздик суҳбат намоед.  Дар намоиши имрӯза қисса дар бораи таърихи на чандон дури халқи тоҷик рафт. Мо бо чашми худ ин лаҳзаҳои душвору ҳузноварро дидем, аммо насли наврас акнун  аз мақолаву  хотираҳои падарону бародарони худ огоҳ мешаванд ва шояд бовар накунанд. Барои ҳамин чунин намоишҳо барои насли имрӯз хеле заруру ибратомӯз ҳастанд. Ва Пешвои миллат низ ҳамеша таъкид мекунанд, ки насли наврас  бояд аз ин лаҳзаи зиндагии гузаштагони худ огоҳ бошад, то дигарбора тоҷикон бо чунин сарнавиш рӯ ба рӯ нашаванд”.

Намоиш аҳли толорро хеле  ба ваҷд овард ва онҳо дар ҷараёни он  борҳо ба по хеста, ба маҳорати ҳунармандон ва муаллифи асар кафкӯбӣ намуданд. Раиси вилоят изҳори умедворӣ намуд, ки аз ин ба баъд иртиботи театр ва тамошобин боз ҳам қавитар мегардад.

Апрель 8, 2020 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«БО ҲАМ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони муосири тоҷик оғоз шуд
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд
Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Дар мактаби миёнаи № 35-и шаҳри Минск ба номи Домулло Азизов барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд