Дар Лондон намоиши виртуалии асарҳои рассомони маъруфи тоҷик оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 17.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел бо ташаббуси Сафорат ва Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар шаҳри Лондони Британияи Кабир нахустин намоишгоҳи виртуалии санъати даврони Шӯравӣ ва муосири тоҷик дар яке аз нигористони муосири санъати тасвирии шаҳри Лондон — Zari Gallery оғоз гардид. Дар ин бора директори Маркази миллии “Иттифоқи ҳунармандон” Нигина Икромӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар намоиш фаъолияти як зумра рассомони маъруфи тоҷик, аз ҷумла Фаррух Негматзода, Олим Камолов, Эраҷ Олимов, Баҳром Исматов ва Раҳим Сафаров, ки асарҳояшон таърихи ғании Тоҷикистонро бозгӯӣ ва манзараҳои аҷоиби атрофи онро муоина менамоянд, манзур гардиданд.
Намоишгоҳ имконияти бузург ҷиҳати шиносоӣ бо асарҳои санъати тоҷикон, санъати Иттиҳоди Шӯравӣ, Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистонро пешниҳод менамояд.
Баргузории намоиши мазкур дар ҳошияи ҷашни Наврӯз ба нақша гирифта шуда, аз сабаби қабул гардидани чораҳои карантинӣ дар Британияи Кабир он ба шакли виртуалӣ гузаронида шуд.











Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд






