ДАРАХТ БИНШОН! Дар Суғд дар майдони беш аз 500 гектар ниҳол шинониданд
ДУШАНБЕ, 14.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд дар доираи амалинамоии «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» то 1 апрели соли 2020 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагиҳо 459,8 гектар боғҳои нав ва 43,5 гектар токзори нав бунёд ва ҳамзамон дар майдони 763,9 гектар боғҳо ва 69,7 гектар токзор аз нав барқарор карда шуданд.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Идораи кишоварзии вилояти Суғд хабар доданд, инчунин дар самти муташаккилона гузаронидани маъракаи ниҳолшинонӣ дар ҳамаи хоҷагиҳои вилоят то 1 апрел аз ҷониби хоҷагиҳои вилоят дар 503,2 гектар ниҳол шинонда шуданд.
Аз ҷумла, дар масоҳати 41 гектар ниҳолҳои мевагиҳои тухмдор, дар 315,7 гектар ниҳолҳои мевагиҳои донакдор, дар 63,5 гектар ниҳолҳои мевагиҳои мағздор ва дар 39,6 гектар ниҳолҳои мевагиҳои субтропикӣ шинонда шудаанд.
Ҳамзамон дар давраи семоҳаи аввали соли 2020 ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагии вилоят 636,7 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 10,9 фоиз зиёд аст.








Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд






