Кишоварзони ноҳияи Панҷ аввалин шуда дар ҷумҳурӣ ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз карданд
ДУШАНБЕ, 04.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Хоҷагии деҳқонии «Фарғона» дар Ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфиддинови ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шурӯъ намуданд. Хоҷагидорон дирӯз 5 тонна пиёзи ғункардаашонро ба шаҳри Кӯлоб равон намуданд. Пиёзи барвақтӣ бо нархи аз 2,5 то 2,80 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Тавре муовини якуми раиси ноҳияи Панҷ Шарофиддин Асомиддинзода иброз дошт, дирӯз, 3 апрел аввалин шуда дар ҷумҳурӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ ва содироти дохилии он оғоз гардид.
«Хоҷагии деҳқонии “Фарғона” дар 30 гектар замини дар ихтиёрдоштааш пиёз кишт кардааст, ки айни ҳол ҳосили 10 гектари он омода гардидааст. Дар сурати пайдо шудани харидор кишоварзон метавонанд пиёзро ҷамъоварӣ намоянд. Дар ноҳияи Панҷ дар мавсими имсола дар майдони 370 гектар пиёз кишт шудааст. Тибқи арзёбии мутахассисон, аз ин майдон беш аз 10 ҳазор тонна ҳосил ғундоштан мумкин аст», — гуфт номбурда.








Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт






