Муовини сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғд Маъруфҷон Ҳоҷибоев: «Дар вилоят то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ аз бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст»
ДУШАНБЕ, 06.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ аз бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Овоза ва хабару гузоришҳои паҳнгардида , ки гӯё дар вилоят гирифторони ин сироят ошкор гардидаанд, асоси воқеӣ надоранд. 13 нафаре, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз дирӯз ба карантин гирифта шудаанд, вазъи мӯътадил дошта, ташхиси онҳо нишон дод, ки ба бемории коронавирус гирифтор нестанд.
Ин нуктаро муовини сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғд Маъруфҷон Ҳоҷибоев имрӯз зимни баргузории брифинг дар шаҳри Хуҷанд баён дошт.
«Ба карантин фаро гирифтани онҳо танҳо бо мақсади пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии сирояти коронавирус дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар назди беморхонае, ки дар онҳо одамон дар каратин қарор доранд, ба хотири зери назорати қатъӣ гирифтан истодани кормандони милиса, ин меъёри муқаррарӣ буда, дар тамоми дунё роиҷ аст. Аз ин чиз набояд ҳангома сохт», — афзуд Маъруфҷон Ҳоҷибоев.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Хуҷанд 6 муассисаи тиббӣ ва дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят 12 муассисаи соҳаи тандурустӣ барои ба карантин фаро гирифтан омода мебошанд ва ҳамаи озмоишҳо оид ба сироятёбии COVID-19 ройгон ба роҳ монда мешаванд.
«Ҳамарӯза чораҳои пешгирикунандаи сироятёбӣ ба COVID-19 дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он пурзӯр карда мешаванд», — афзуд мавсуф.
Ёдовар мешавем, ки миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






