Сафорати Тоҷикистон дар Россия: “Шаҳрвандони мо бояд тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвари иқоматро ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус комилан риоя намоянд”

Апрель 1, 2020 16:09

ДУШАНБЕ, 01.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар Федератсияи Россия  бо дарназардошти вазъияти баамаломада-  паҳншавии коронавируси нав ва хатари он  дар ҷаҳон   бори дигар аз ҳамаи ҳамватанон  хоҳиш менамояд, ки ҳолати ба вуҷудомадаро дуруст ва воқеъбинона дарк намоянд. Ҳамзамон бо ҳисси масъулиятшиносӣ тадбирҳои   андешидаи Ҳукумати кишвари иқоматро ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус комилан риоя намуда, оромиро нигоҳ доранд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар медиҳад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳалли мушкилоти шаҳрвандони мамлакат  тадбирҳои зарурӣ  андешида, аксарияти онҳоеро, ки хоҳиши ба Ватан баргаштан доштанд, тавассути 7 парвози чартерии ҳавопаймоҳои ватанӣ аз шаҳри Москва ба Тоҷикистон баргардонид.

Дар сурати имконпазир гардидани парвози ҳавопаймоҳо шаҳрвандон маълумотро танҳо аз сомонаҳои (сайтҳои) ширкатҳои ҳавопаймоӣ, Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Россия, инчунин дигар мақомоти расмии Тоҷикистон дарёфт хоҳанд кард.

Айни замон бояд ҳар як фарди ҷомеа дуруст дарк намояд, ки ин вазъияти душвор пайомади пандемияи коронавирус буда, кишварҳо ба хотири таъмини амнияти аҳолӣ барои манъи хатсайрҳо ва бастани сарҳадҳояшон маҷбур гардиданд.

Дар чунин ҳолат тасмими дуруст ва рафтори шоиста ба хотири эҳтиёт кардани сиҳатмандии худ ва аҳли хонаводаю наздикон он аст, ки аз сафар ба дигар шаҳру минтақаҳо ва кишварҳо худдорӣ карда шавад. Зеро бо сабабҳои воқеӣ сафар кардан тавассути фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан номумкин аст.

Аз ҳамватанон эҳтиромона изҳори хоҳиш мегардад:

— ба қадри имкон ҷойи зист ва ё маҳали кори худро бе зарурат тарк накунанд;

— бе зарурат аз метро ва дигар воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истифода набаранд ва дар маҳалҳои корӣ ва бозору фурӯшгоҳҳо ҷамъ наоянд;

— дар сурати имконпазир будан фаъолияти меҳнатӣ ва дигар эҳтиёҷот ба таври фосилавӣ анҷом дода шавад;

— ҳатман ҳамаи қоидаҳои беҳдошту тозагиро  риоя намоянд!

Дар сурати ба миён омадани мушкилот ва дигар ҳолатҳои зарурӣ, инчунин барои гирифтани посух ба суолҳо шаҳрвандон метавонанд ба таври шабонарӯзӣ ба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Россия бо рақамҳои телефон ва адресҳои эелектронии интернетии зерин тамос гиранд:

ш. Москва:

моб: +7 (926) 411 09 61

+7 (995) 501 87 33

+7 (985) 740-02-12

тел: +7 (495) 690-41-86

e-mail: tajembmoscow@mfa.tj

Facebook: @tajembassy.ru

website: www.tajembassy.ru

ш. Санкт-Петербург:

тел: +7 (812) 490-47-46

tajgencons.piter@mfa.tj

ш. Уфа:

тел: +7 (347) 276-52-96

tajconsufa@mfa.tj

ш. Екатеринбург:

тел: +7 (343) 370-23-60

tajconsek@mfa.tj

ш. Новосибирск:

тел: +7 (383) 349-59-70

tajgencons.nsk@mfa.tj

Апрель 1, 2020 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид