Танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар шароити пандемияи бемории сироятии COVID-19 — тавсияҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 11.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо истифода аз таҷрибаи давлатҳо дар танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар шароити пандемияи бемории COVID-19 ва бо назардошти талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият пешниҳод менамояд, ки дар масъалаи мазкур тавсияҳои зеринро ба роҳбарӣ гиранд:
Чораҳои пешгирикунанда, ҳифзи саломатӣ ва бехатарии кормандон:
– кормандонро бо антисептикҳои пӯст (масалан, насби диспансерҳо) ва рӯмолҳо (салфеткаҳо), даҳонбандҳои безараргардонӣ таъмин намоянд ва инчунин истифодаи онҳоро аз ҷониби кормандон дар даромадгоҳи бино назорат кунанд;
– барои иҷрои чорабиниҳо аз ҳисоби фонди захиравии музди меҳнат (дар асоси моддаи 162 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд фонди захиравӣ таъсис дода шаванд), фонди ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандон маблағҳоро истифода намоянд;
– захираи муваққатии маблағҳо ва дигар воситаҳои ҳимоя бояд барои на камтар аз 5-6 рӯз бошад;
– дар ҳолатҳои фавқулода ва эҳтимолияти пайдо шудани беморӣ дар корхона, ҳарорати бадани коргаронро дар аввали рӯзи корӣ ва инчунин дар тамоми рӯз назорат кунанд;
– кормандонеро, ки ҳарорати баланд доранд аз ҷои кор дур кунанд;
– ҷойи кори кормандро бо маҳлулҳои безараргардонии вирусӣ тоза намоянд (диққати махсусро ба безараргардонии қитъаҳои умумӣ ва ҳама қисмҳои робитадошта бояд равон кард);
– аз гузаронидани чорабиниҳои калони оммавӣ, ки тамоми кормандонро дар ягон нуқтаи муайян ҷамъ мекунанд, худдорӣ бояд кард;
– муваққатан қатъ намудани сафарҳои хизматии кормандон, алахусус ба кишварҳои хориҷӣ;
– агар дар дохили ширкат, корхона ё муассиса ошхона мавҷуд бошад, асбобҳои таъиноти маишӣ ва хоҷагии (зарфҳо ва косаю табақ) истифодаашон яккаратаро истифода намоянд ва пас аз он партофта, безарар гардонида шаванд ва бо тартиби муқаррарӣ нест карда шаванд. Агар ширкат зарфҳои муқаррариро истифода барад, онҳо бояд дуруст коркард карда шаванд (беҳтараш дар мошинаҳои шустушӯӣ зарфҳо дар реҷае, ки безараргардонии зарфҳоро таъмин мекунад, дар ҳарорати на камтар аз 65 дараҷа дар давоми 90 дақиқа бишӯянд);
– аз корфармоён талаб карда мешавад, ки ҳамарӯза ошхонаро бо маҳлулҳои безараргардонӣ тоза кунанд;
– роҳбарони ташкилотҳо вазифадоранд, ки шароити бехатар ва ҳифзи меҳнатро таъмин кунанд, инчунин кормандонро аз риояи чораҳои бехатарӣ огоҳ намоянд.
Танзими муносибатҳои шартномавии меҳнатӣ бо кормандон дар давраи пандемияи бемории COVID-19:
– бо мақсади пешгирии беморӣ ва дар сурати ҷорӣ шудани карантин корфармоён метавонанд, ки кормандонро ба корҳои фосилавӣ гузаронанд. Корҳои фосилавӣ мувваққатӣ буда, дар давраи уҳдадориҳои меҳнатии корманд ва музди миёнаи меҳнат нигоҳ дошта мешавад;
– корфармо инчунин метавонад бо сабабҳое, ки аз иродаи тарафҳо вобаста нестанд, бекористии муваққатиро эълон кунад (дар ҳолати эълон намудани ҳолатҳои фавқулода аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон). Вале, мутобиқи талаботи моддаи 32 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидан ба кори каммузд ва ё дар натиҷаи бекористӣ музди меҳнати корманд дар ҳаҷми на камтар аз маблағи миёнаи моҳона (маош) дода мешавад. Дар асоси модаи 33 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан боздоштани кор бе додани музди бекористӣ манъ карда мешавад, агар корфармо барои ба кори дигар гузаронидани кормандон имконият надошта бошад.
Инчунин мутобиқи моддаи 117 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми зарурати муваққатан боздоштани истеҳсолот (кор) ё кам шудани ҳаҷми кор ба муддати на зиёда аз як моҳ корфармо бо мақсади пешгирӣ намудани озодкунии кормандон аз рӯи ихтисори шумора ё воҳиди корӣ ҳуқуқ дорад, бо розигии корманд (кормандон) ба ӯ (онҳо) рухсатии бе нигоҳдорӣ ё қисман бо нигоҳдории музди меҳнат диҳад, агар дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. Дар ҳолати мазкур андозаи музди меҳнати пардохтшаванда бо мувофиқаи байни корфармо ва корманд муайян карда шуда, он аз андозаи музди меҳнати моҳонаи корманд (маоши мансабӣ бе мукофотпулӣ ва иловапулиҳо) кам буда наметавонад;
– имконияти фиристодани корманд ба рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда ё рухсатӣ аз ҳисоби худ вуҷуд дорад, аммо танҳо дар мувофиқа бо корманд. Роҳбар кормандро маҷбур карда наметавонад, ки бар хилофи хоҳиши худ рухсатии бемузд гирад. Ин поймол кардани ҳуқуқҳои меҳнатист. Дар ҳолати ошкори чунин ҳолат корфармо ба ҷавобгарӣ кашида мешавад;
– дар ҳолати эълони ҳафта ё моҳи бекорӣ, ин ҳафта ё моҳи бекорӣ барои паст кардани музди меҳнати кормандон асос шуда наметавонад. Агар кормандон дар рухсатии меҳнатии музднок қарор дошта бошанд, давомнокии рухсатии корманд ба шумораи рӯзҳои элоншудаи ғайрикорӣ дароз карда намешаванд ва бо тартиби умуми мисли дигар кормандон, аз рӯзе, ки бояд корманд ба кор мебаромад, музди меҳнат ҳисоб карда мешавад;
– кормандоне, ки ба корҳои фосилавӣ ҷалб шудаанд кори худро дар мувофиқа бо корфармо амалӣ менамоянд;
– кормандоне, ки бинобар сабабҳои реҷаи карантинӣ ва ё баста шудани роҳҳо дар хориҷи кишвар қарор дошта (дар сафари хизматӣ, табобат ва истироҳат) ба ҷойи кор ҳозир шуда наметавонанд, аз кор озод карда намешаванд, ҷойи корӣ ва музди меҳнати онҳо нигоҳ дошта мешавад.
Дар ин ҳолатҳо музди меҳнати кормандон дар асоси қисми 3 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313 «Қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кумакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кумакпулӣ барои корношоямии мувакқатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд» пардохти музди миёнаи меҳнати корманд ҳангоми иҷро нагардидани меъёрҳои коркард, бекористӣ ва истеҳсоли маҳсулоти нуқсдор на бо айби корманд, иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, дар сафари хизматӣ қарор доштан, барои давраи ноилоҷ ба кор ҳозир нашудан, додани кафолатҳои иловагӣ барои занону ҷавонон, ки ҳисобкунии андозаи музди миёнаи меҳнатро талаб менамоянд, амалӣ карда мешавад.








Дар Кӯлоб аксари иншооти аз офати табиӣ осебдида барқарор гардида, оилаҳои зарардида соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Дар Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология оғоз гардид
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Нобиғае, ки аз замони худ садсолаҳо пештар меандешид
Ширкати «IRS»: «Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ таъмин аст»
ШАРБАТИ САЛОМАТӢ. Олимони тоҷик истеъмоли онро барои пешгирии бемориҳои камхунӣ, ҷоғар ва диабет тавсия медиҳанд
СИРИШТИ СИНОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб






