«Устод Айнӣ ва асолати забони тоҷикӣ»-ҳамоиши илмию амалӣ дар Душанбе

Апрель 10, 2020 16:15

ДУШАНБЕ, 10.04.2020 /АМИТ «Ховар»/ Танҳо дар асари худ таҳти унвони «Маънои калимаи «тоҷик» ва услуби нигориши он», ки  ҳамагӣ 24 саҳифаи дастнавис аст,  устод Айнӣ  208 маротиба калимаи «тоҷик»-ро зикр намудааст ва барои исботи фикраш санадҳои раднопазир меорад. Ин нукта  имрӯз зимни ҳамоиши илмию амалӣ таҳти унвони «Устод Айнӣ ва асолати забони тоҷикӣ», ки бо ташаббуси кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) доир гардид, иброз шуд. Ҳамоиши  мазкур  ба пешвози Рӯзи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ки ҳамасола  15 апрел ба хотири зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ дар сатҳи донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат доир мегардад.

Зикр гардид, ки нақши устод Айнӣ дар тафсири  калимаи «тоҷик» ва ҳифзи фарҳангу таърихи ин миллати куҳанбунёд бузург аст. Ба иттилои маърӯзачиёни ҳамоиш, устод Айнӣ бо далелҳои таърихӣ ва илмӣ исбот мекунад, ки сокинони Осиёи Миёна ватандорони аслии ин минтақа мебошанд. «Агар китобҳои дарсии замони устод Айниро гирем, аз ягон нафар адибе, ки имрӯз шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст, ба монанди Умари Хайём, Фирдавсӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Абдураҳмони Ҷомӣ, Саъдию Ҳофиз ному нишон набуд, зеро онҳоро ба халқи Эрон мансуб медонистанд ва ба миллати тоҷик ҳуқуқ намедоданд, ки онҳоро адиби худ гӯянд», — таъкид гардид дар идомаи ҳамоиш.

Ба иттилои муҳаққиқони соҳа, маҳз соли 1940  ба муносибати 10- солагии ташкили Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии  Тоҷикистон  як китобе таҳти унвони «Намунаҳои адабиёти тоҷик» бо ҳуруфи лотинӣ чоп шудааст, ки мушовирони он устод Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ буданд. «Муқаддимаи ин асар, ки бо салоҳдиди устод Айнӣ аз ҷониби  Иосиф Самойлович Брагинский навишта шудааст, имкон дод, ки бори аввал дар таърихи Ҳукумати Шӯравӣ ба воситаи расмият ёфтани истилоҳи тоҷику форс ҳуқуқи тоҷикон ба мероси маънавии гузашта расман дар сатҳи мақомоти давлатӣ қабул шавад», — таъкид намуданд иштирокчиёни ҳамоиш.

Апрель 10, 2020 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад