ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ХАБАР МЕДИҲАД: Сардори шуъбаи Прокуратураи пойтахт бо ташхиси бемории зукоми А (H1N1), илтиҳоби дутарафаи шуш фавтид

Апрель 21, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 21.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Сардори шуъбаи назорати милитсияи Прокуратураи шаҳри Душанбе  Ҷалолиддин Абдуҷабборзода бо ташхиси бемории зукоми А (H1N1), илтиҳоби дутарафаи шуш фавтида, дар  ӯ ҳеҷ нишонае аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Номбурда 15 апрел сараввал  дар Беморхонаи бемориҳои  сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе бистарӣ  гардида, 16 апрел бо сабаби вазнин шудани вазъи саломатияш  ба Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии  Душанбе  интиқол дода шуд. Дар беморхонаи мазкур ба Ҷалолиддин Абдуҷабборзода ташхиси илтиҳоби дутарафаи шуш, зукоми  А ва фарбеҳии дараҷаи 3 гузошта шуд.

«Мутаассифона, кӯшишу талоши табибон бо назардошти истифодаи дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ  ва дигар чораҳои иловагӣ натиҷа надода, номбурда  нимаи аввали 19 апрел  фавтид. Бояд гуфт, ки дар дараҷаи аввал аз Ҷалолиддин Абдуҷабборзода ташхиси коронавирус гирифта шуд,  вале натиҷаи он манфӣ баромад»,-  илова намуданд дар   Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Гуфта мешавад, ки ба хотири чораҳои эҳтиётӣ айни замон тамоми пайвандони марҳум Абдуҷабборзода бо карантин фаро гирифта шудаанд.

Қаблан муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед вобаста ба хабару овозаҳои бардурӯғе, ки вақтҳои охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ  ба нашр мерасанд, зимни як нишаст иттилоъ дод, ки вазъи номусоиди ҳаво дар чанд рӯзи охир на танҳо ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, балки ба саломатии шаҳрвандони мамлакат низ таъсири манфӣ расонид.

“Аз ин рӯ,- гуфт мавсуф, — дар ин рӯзҳо гирифторшавии якбора ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла илтиҳоби шуш (пневмания) зиёд ба мушоҳида расид. Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, бемории илтиҳоби шуш (пневмания)  ҳолати муқаррарӣ ва мавсимӣ мебошад. Бинобар ин, аз гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории мазкур набояд  ҳангома сохт”.

Бояд зикр намуд, ки то имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Вале ба ин нигоҳ накарда, масъулини соҳаҳои дахлдор чораҳои пешгирикунандаи интиқол ва паҳншавии ин вирусро дар мамлакат  пайваста  тақвият бахшида  мебахшанд.

Хотиррасон мешавем, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади  пешгирӣ аз сирояти  коронавирус телефони бовариро бо  рақами 511 фаъол намудааст. Ин  рақам  ба таври шабонарӯзӣ фаъол мебошад.   Вазорат  аз сокинони мамлакат  хоҳиш менамояд, ки дар ҳолати  мушоҳидаи  нишонаҳои вируси нав  ва дигар ҳолатҳои ба он алоқаманд фавран  бо ин рақам  ба вазорат хабар диҳанд.

Апрель 21, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид